Қиёмат қоим нахоҳад шуд, то ин ки марде аз канори қабри марди дигаре бигзарад ва бигӯяд: Эй кош, ман дар ҷои ӯ мебудам

Қиёмат қоим нахоҳад шуд, то ин ки марде аз канори қабри марди дигаре бигзарад ва бигӯяд: Эй кош, ман дар ҷои ӯ мебудам

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Қиёмат қоим нахоҳад шуд, то ин ки марде аз канори қабри марди дигаре бигзарад ва бигӯяд: Эй кош, ман дар ҷои ӯ мебудам."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки қиёмат барпо намешавад, то он ки марде аз канори қабре бигзарад ва орзу кунад, ки эй кош ба ҷои ӯ мурда буд. Ва сабаби ин орзу ошкор шудани фитнаҳо, гуноҳон, мункарот ва тарс аз он аст, ки бо ғалабаи ботил ва аҳли ботил динашро аз даст диҳад.

فوائد الحديث

Ишора ба зоҳир шудани гуноҳон ва фитнаҳо дар охири замон.

Тарғиби эҳтиёт ва омодагӣ ба марг бо имон ва аъмоли нек ва дурӣ ҷустан аз маконҳои фитна ва бало.

التصنيفات

Зиндагии барзах, Кирдори солеҳон, Тазкияи нафс