إعدادات العرض
Қасам ба Онки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст, зарфҳои ҳавз бештар аз ситорагони осмон
Қасам ба Онки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст, зарфҳои ҳавз бештар аз ситорагони осмон
Аз Абузар (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: ба Паёмбари Худо гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Зарфҳои ҳавз чигуна ҳастанд? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Қасам ба Онки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст, зарфҳои ҳавз бештар аз ситорагони осмон ҳастанд, ки дар шаби торик ва беабр дида мешаванд, ҳар касе аз зарфҳои биҳишт бинӯшад дигар ташна намешавад, аз ду новадони биҳишт ба он об мерезад, касе аз он бинӯшад дигар ташна намешавад. Андозаи паҳноӣ ва тӯли он баробар аст, андозаи он ба монанди фосилаи миёни Уммон ва Айла аст, оби он сафедтар аз шир ва ширинтар аз асал аст".
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands اردو Español Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Türkçe Bosanski සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa മലയാളം తెలుగు Kiswahili ไทย پښتو অসমীয়া Shqip دری Ελληνικά Български Fulfulde Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek नेपाली Moore Kurdî Oromoo Wolof Soomaali Français Azərbaycan Tagalog Українська தமிழ் bm ქართული Deutsch Português Македонски Magyar فارسی Русский 中文الشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) савганд ёд намуданд, ки зарфҳои ҳавзи ӯ (с) дар рӯзи қиёмат бештар аз шумори ситорагони осмон ҳастанд, ки дар шаби торик ва бе моҳтоб дида мешавад, зеро дар шаби равшан ва моҳтобӣ ситорагон ба хубӣ дида намешаванд, ҳамон гуна, ки дар шаби абрӣ низ дидани онҳо душвор аст. Аз вижагиҳои зарфҳои биҳиштӣ ин аст, ки ҳар касе аз оби онҳо бинӯшад, дигар ҳаргиз ташна намешавад ва охирин ташнагии онҳо хоҳад буд. Вижагии дигари ҳавзи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) вуҷӯди ду новадон аст, ки аз биҳишт об сарозер мешавад ва паҳноӣ он ҳавз ба андозаи тӯли он аст. Чаҳор тарафи ҳавз мутасовӣ ва баробар аст, ки андозаи як тарафи он баробар аст ба андозаи масофаи миёни Уммон, шаҳре дар сарзамини Балқои Шом, то Айла, ки шаҳри машҳури дигаре дар дигар гӯшаи Шом аст. Оби ҳавз сафедтар аз шир ва ширинтар аз асал аст.فوائد الحديث
Исботи вуҷӯди ҳавз ва анвоъи неъматҳо дар он.
Ҳавзи Паёмбари Худо ва паҳновари он бисёр бузург ва дорои зарфҳои бешумор аст.
التصنيفات
Имон ба рӯзи қиёмат