إعدادات العرض
Ҳама чиз вобаста ба тақдир аст, ҳатто оҷизию нотавонӣ ва зиракию ҳӯшёрӣ
Ҳама чиз вобаста ба тақдир аст, ҳатто оҷизию нотавонӣ ва зиракию ҳӯшёрӣ
Аз Товус ривоят аст, ки гуфт: мардумоне аз ёрони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро дидем, ки мегуфтанд: ҳама чиз вобастагӣ ба тақдир дорад. Мегӯяд: Абдуллоҳ ибни Умарро (Худованд аз он ду розӣ бод) шунидам, ки мегуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳама чиз вобаста ба тақдир аст, ҳатто оҷизию нотавонӣ ва зиракию ҳӯшёрӣ".
[صحيح] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands اردو Español Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Türkçe Bosanski සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa മലയാളം తెలుగు Kiswahili ไทย پښتو অসমীয়া Shqip دری Ελληνικά Български Fulfulde Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda Српски O‘zbek नेपाली Moore Kurdî Oromoo Soomaali Français Wolof Azərbaycan Tagalog Українська தமிழ் bm Deutsch ქართული Português mk Magyarالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҳама чиз марбут ба тақдир аст, ҳатто аҷз ва нотавонӣ, ки иборат аст аз: тарк кардани коре, ки бояд анҷом дода шавад ва ба таъхир андохтани он аз вақташ дар корҳои дунё ва охират. Ҳамчунин ҳушёрӣ ва зиракӣ, ки иборат аст аз: фаъолият ва маҳорат доштан дар корҳои дунё ва охират. Худованди Мутаъол тавон ва нотавонӣ ва дар умум ҳама чизро муқаддар намудааст, ҳеҷ чиз рух намедиҳад, магар инки илм ва машияти Худованд бар он навишта шудааст.فوائد الحديث
Баёни эътиқоди саҳоба (Худованд аз онҳо розӣ бод) дар мавриди тақдир.
Ҳама чиз дар ин дунё тибқи ончи Худованд муқаддар намудааст рух медиҳад, ҳатто оҷизию нотавони ва ё нишоту ҳушёрӣ.
Диққат ва эҳтиёткории саҳобагони киром дар нақл ва ривояти ҳадиси Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод).
Имон ба тақдир, ба нек ва ба бади он.