إعدادات العرض
Касе, ки намозеро фаромӯш кунад, пас, чун ба ёдаш ояд, адояш кунад ва (ин кораш) каффорае ҷуз ин надорад
Касе, ки намозеро фаромӯш кунад, пас, чун ба ёдаш ояд, адояш кунад ва (ин кораш) каффорае ҷуз ин надорад
Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касе, ки намозеро фаромӯш кунад, пас, чун ба ёдаш ояд, адояш кунад ва (ин кораш) каффорае ҷуз ин надорад: (Ва барои ёди ман намоз бар по дор) (Тоҳо, ояти 14).
[Саҳеҳ] [متفق عليه]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa తెలుగు Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली മലയാളം Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî Română Shqip Soomaali Српски Wolof Українська Tagalog தமிழ் Moore Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Македонски Русский Bambara አማርኛ Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe Italiano O‘zbek Español Kurmancî 日本語الشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ додааст, ки ҳар ки намози фарзро фаромӯш кард, то ин ки вақташ гузашт, бояд ба маҳзи ёдоварӣ онро қазоӣ бихонад, зеро гуноҳи тарки он, каффора ва поккунандае надорад, магар ин ки мусалмон ҳарвақт ба ёдаш омад, онро адо кунад. Худованд дар китоби каримаш мефармояд: "Ва барои ёди ман намоз бар по дор." (Сураи Тоҳо, ояти 14). Яъне, намози фаромӯшшударо ҳаргоҳ ба ёд овардӣ бихон.فوائد الحديث
Баёни аҳамияти намоз ва саҳлангорӣ накардан дар адо ва қазои он.
Қасдан ва бидуни узр ба таъхир андохтани намоз аз вақти муайяншуда ҷоиз нест.
Қазои намоз барои касе, ки адо карданашро фаромӯш карда бошад ё касе, ки дар хоб монда бошад, ба маҳзи ба ёд овардан ё бедор шудан, воҷиб аст.
Қазои фаврии намозҳо, ҳатто агар дар вақтҳои наҳйи ҳам бошад, воҷиб аст.
