إعدادات العرض
Агар яке аз шумо вориди масҷид шуд, пеш аз он ки бинишинад, ду ракаъат намоз бигузорад
Агар яке аз шумо вориди масҷид шуд, пеш аз он ки бинишинад, ду ракаъат намоз бигузорад
Аз Абуқатодаи Сулламӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Агар яке аз шумо вориди масҷид шуд, пеш аз он ки бинишинад, ду ракаъат намоз бигузорад."
[Саҳеҳ] [متفق عليه]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda Українська नेपाली മലയാളം తెలుగు Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî Română Soomaali Shqip Српски Wolof Tagalog Moore தமிழ் Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Русский Македонски አማርኛ Bambara Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe Italiano O‘zbek Español Kurmancî 日本語الشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) касеро, ки дар ҳар вақте ва барои ҳар коре ба масҷид даромад, ташвиқ карданд, ки пеш аз нишастанаш ду ракаъат намоз бихонад, ва ин ду ракаъат "таҳияи масҷид" ном дорад.فوائد الحديث
Барои таҳияи масҷид ду ракаъат намоз хондан пеш аз нишастан дар масҷид мустаҳаб аст.
Ин амр барои касе аст, ки дар масҷид қасди нишастан дорад. Аммо касе, ки вориди масҷид шавад ва пеш аз нишастан хориҷ шавад, шомили ин амр нест.
Агар намозгузор вориди масҷид шавад ва бубинад, ки мардум дар ҳоли намози ҷамоат ҳастанд ва вориди намоз шавад, ҳамон намози ҷамоат ба ҷои ин ду ракаъат кифоят мекунад.
