Ҳар ки бар зидди мо силоҳ бардорад, аз мо нест

Ҳар ки бар зидди мо силоҳ бардорад, аз мо нест

Аз Абумусои Ашъарӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки бар зидди мо силоҳ бардорад, аз мо нест."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз бардоштани силоҳ бар зидди мусалмонон ба нияти тарсондан ё ғорат кардани онон ҳушдор медиҳад ва баён мекунад, ки ҳар кас ба ғайри ҳақ чунин кунад, муртакиби ҷурми бузург ва яке аз гуноҳони кабира шудааст ва сазовори ин таҳдид ва ваъиди сахт аст.

فوائد الحديث

Ҳушдори сахт нисбат ба ҷангидани мусалмон бо бародарони мусалмонаш.

Яке аз бузургтарин мункарот ва фасодҳои бузург дар замин, силоҳ бардоштан бар зидди мусалмонон ва табоҳӣ ва ифсод бо куштан аст.

Ваъид ва таҳдиди дар ҳадис омада куштани ба ҳақро дар бар намегирад, монанди куштани исёнгарон ва таҷовузкорону фасодкорон ва ғайра.

Тарсондани мусалмонон бо силоҳ ё дигар чизҳо ҳаром аст, ҳатто агар бо шӯхӣ ҳам бошад.

التصنيفات

Фисқ, Ҳадди роҳзанон