Мард бар дини дӯсти самимиаш аст, ҳар яки аз шумо бингарад, ки бо ки дӯстӣ мекунад

Мард бар дини дӯсти самимиаш аст, ҳар яки аз шумо бингарад, ки бо ки дӯстӣ мекунад

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мард бар дини дӯсти самимиаш аст, ҳар яки аз шумо бингарад, ки бо ки дӯстӣ мекунад."

[Ҳасан] [رواه أبو داود والترمذي وأحمد]

الشرح

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки инсон ба дӯсти наздики худ дар рафтору одатҳо монанд мешавад. Дӯсти ҳақиқӣ дар ахлоқ, рафтор ва кирдори шахс таъсиргузор аст. Аз ин рӯ, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавсия доданд, ки дӯст хуб интихоб шавад, зеро дӯсти хуб метавонад ба имон, ҳидоят ва некӣ роҳнамоӣ кунад ва барои дӯсташ ёрӣ расонад.

فوائد الحديث

Дастур дода шудааст, ки бо некон дӯстӣ кунед ва онҳоро ҳамчун ҳамнишин интихоб намоед. Ва аз дӯстӣ бо бадон наҳй шудааст.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) махсус дӯстро ном бурдааст, на хешовандро, зеро дӯстро худ интихоб мекунӣ, аммо дар интихоби бародар ё хеш ихтиёр надорӣ.

Дӯст интихоб кардан бояд бар асоси андеша ва ақл сурат гирад.

Одам бо ҳамнишинии муъминон динашро тақвият медиҳад, аммо бо ҳамнишинии фосиқон динаш заъиф мегардад.

التصنيفات

Аҳкоми вало ва баро