إعدادات العرض
Худхоҳӣ ва дигар корҳое рух хоҳад дод, ки онро инкор хоҳед кард." Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ! (дар он ҳолат) моро ба чӣ амр мекунӣ? Гуфт: " Он ҳаққе, ки бар шумо аст, анҷом…
Худхоҳӣ ва дигар корҳое рух хоҳад дод, ки онро инкор хоҳед кард." Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ! (дар он ҳолат) моро ба чӣ амр мекунӣ? Гуфт: " Он ҳаққе, ки бар шумо аст, анҷом медиҳед ва он чи барои шумо аст, аз Аллоҳ мехоҳед
Аз ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки гуфт: "Худхоҳӣ ва дигар корҳое рух хоҳад дод, ки онро инкор хоҳед кард." Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ! (дар он ҳолат) моро ба чӣ амр мекунӣ? Гуфт: " Он ҳаққе, ки бар шумо аст, анҷом медиҳед ва он чи барои шумо аст, аз Аллоҳ мехоҳед."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Tiếng Việt پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Kinyarwanda తెలుగు Lietuvių Română മലയാളം Nederlands Soomaali Српски Українська Deutsch ಕನ್ನಡ Wolof Moore Shqip Magyar ქართული Azərbaycan தமிழ் Македонски မြန်မာ አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки мусалмононро волиёне идора мекунанд, ки амволи мусалмонон ва дигар умури дунёи ононро дар ихтиёри худ мегиранд ва онро чунон ки мехоҳанд сарф мекунанд ва ҳаққи мусалмононро аз онон боз медоранд. Ва аз онон дар амри дин чизҳое сар мезанад, ки мавриди инкор аст. Саҳобагон (разияллоҳу анҳум) пурсиданд, ки дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунанд? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки худхоҳии онон ва ба ихтиёри худ гирифтани амвол сабаб нашавад, ки он чи дар бораи онҳо бар уҳдаи шумо аст, яъне шунидан ва итоат кардан аз ононро анҷом надиҳед. Балки сабр кунед ва гӯш фаро диҳед ва итоат кунед. Ва дар амри ҳукумат бо онон низоъ накунед ва аз Аллоҳ ҳаққе, ки барои шумостро бихоҳед ва бихоҳед, ки ононро ислоҳ намуда ва шарру зулми ононро дафъ кунад.فوائد الحديث
Ин ҳадис яке аз далелҳои нубуввати он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Зеро он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи он чизе хабар дод, ки дар умматаш рӯй хоҳад дод ва ҳамон тавре ки гуфт, воқеъ шуд.
Хабар додани шахсе, ки бар сараш мусибате омаданӣ аст, ҷоиз аст, то вақте он мусибат ба сараш ояд сабр кунад ва дар талаби савоб бошад.
Чанг задан ба китоб ва суннат роҳи раҳои аз фитнаҳо ва ихтилофот аст.
Ташвиқ ва тарғиб кардан ба шунидан ва итоат кардан аз волиён дар корҳои нек. Ва шӯришу хуруҷ накардан бар зидди онҳо, ҳатто агар зулме аз онон сар занад.
Истифода бурдан аз ҳикмат ва пайравӣ аз суннат дар ҳоли рӯй додани фитнаҳо.
Инсон бояд он ҳаққе, ки бар уҳдаи ӯ аст, вазифадор аст онро анҷом диҳад, ҳатто агар зулме бар ӯ шуда бошад.
Ин ҳадис далел бар ин қоида аст: Ихтиёри сабуктарин шар (аз миёни ду шар), ё камтарин зарар (аз миёни ду зарар).
التصنيفات
Вазифаҳои роҳбар ё ҳоким