إعدادات العرض
Дар ҳақиқат бештарин чизе, ки аз он бар шумо метарсам, ширки хурд аст." Гуфтанд: Ширки хурд чист эй Расули Аллоҳ? Гуфт: "Риё
Дар ҳақиқат бештарин чизе, ки аз он бар шумо метарсам, ширки хурд аст." Гуфтанд: Ширки хурд чист эй Расули Аллоҳ? Гуфт: "Риё
Аз Маҳмуд ибни Лабид (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дар ҳақиқат бештарин чизе, ки аз он бар шумо метарсам, ширки хурд аст." Гуфтанд: Ширки хурд чист эй Расули Аллоҳ? Гуфт: "Риё (худнамоӣ) Аллоҳ Таъоло рӯзи қиёмат, ҳангоме ки мардум подоши амалҳояшонро мегиранд, ба онон (риёкорон) мегӯяд: Ба назди касоне биравед, ки дар дунё барои онон риё ва худнамоӣ мекардед ва бубинед, ки оё назди онон подоше меёбед?"
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá සිංහල தமிழ் دری Кыргызча or Kinyarwanda नेपाली Română Lietuvių Nederlands Soomaali Српски Українська ಕನ್ನಡ Wolof Moore ქართული Azərbaycan Magyar Македонски አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро хабар медиҳад, чизе, ки барои умматаш бештар метарсад, ширки хурд аст, ки он риё мебошад. Риё корест, ки ба хотири мардум ва худнишондиҳӣ анҷом дода мешавад (то ин ки мардум гӯянд, ӯ одами хуб аст ва корҳои нек мекунад). Сипас дар бораи азоби риёкорон дар рӯзи қиёмат хабар дод, ки ба онҳо гуфта мешавад: Ба назди касоне, ки барои онҳо кори "нек" анҷом медодед, биравед ва бубинед, ки оё тавони мукофоти шуморо доранд ва дар баробари он кор бароятон подош диҳанд?!فوائد الحديث
Амали худро холисона барои Аллоҳ анҷом додан ва аз риё ҳазар кардан воҷиб аст.
Зиёд будани меҳру шафқати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои умматаш ва кӯшиши эшон барои ҳидоят ва насиҳати онҳо.
Агар ин тарси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба саҳоба аст, ки сарварони некӯкорон буданд, пас ин тарс нисбат ба касоне, ки баъд аз онон меоянд, бештар аст.
