إعدادات العرض
Биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод!" Гуфтанд: Чӣ касе эй Расули Аллоҳ? Фармуд: "Он ки падару модараш ё яке аз…
Биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод!" Гуфтанд: Чӣ касе эй Расули Аллоҳ? Фармуд: "Он ки падару модараш ё яке аз онҳоро дар ҳоли пирӣ дарёбад ва (ба сабаби некӣ накардан ба онҳо) вориди биҳишт нашавад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод, боз ҳам биниаш ба хок олуда бод!" Гуфтанд: Чӣ касе эй Расули Аллоҳ? Фармуд: "Он ки падару модараш ё яке аз онҳоро дар ҳоли пирӣ дарёбад ва (ба сабаби некӣ накардан ба онҳо) вориди биҳишт нашавад."
[Саҳеҳ] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Hausa Kurdî Kiswahili Português தமிழ் دری অসমীয়া Svenska Yorùbá Кыргызча ગુજરાતી नेपाली Română മലയാളം Nederlands తెలుగు پښتو Soomaali Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Čeština Magyar Українська Македонски Lietuvių Azərbaycan Wolof Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ ភាសាខ្មែរ Shqip မြန်မာ O‘zbek Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба зиллат ва хорӣ дуъо карданд, то ҷое, ки гӯё бинии ӯро дар хок қарор доданд ва инро се бор такрор карданд. Пас пурсида шуд: Ин кас, ки алайҳи ӯ дуо кардед, кист? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Касе, ки падару модараш -ҳарду ё яке аз онҳо- ро дар ҳангоми пирӣ дарёбад ва он ду сабаби ворид шудани ӯ ба биҳишт нашаванд, яъне ба сабаби некӣ накардан дар ҳаққи онон ё ъуқуқи онон.فوائد الحديث
Некӣ бар падару модар воҷиб аст ва он яке аз сабабҳои ворид шудан ба биҳишт аст, бахусус дар пирӣ ва нотавонӣ.
Ъуқуқи падару модар ва бадрафторӣ бо онон аз гуноҳони кабира аст.
التصنيفات
Фазоили неки ба падару модар