Ин ду чиз бар мардони уммати ман ҳаром ва бар занонашон ҳалол аст

Ин ду чиз бар мардони уммати ман ҳаром ва бар занонашон ҳалол аст

Аз Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) абрешимро бо дасти чап ва тиллоро бо дасти рост гирифта, сипас ҳар ду дасташро боло бардошта фармуданд: "Ин ду чиз бар мардони уммати ман ҳаром ва бар занонашон ҳалол аст."

[Саҳеҳ] [رواه أبو داود والنسائي وابن ماجه]

الشرح

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) либос ё порчае аз абрешимро бо дасти чапаш гирифт ва қитъае аз тилло (аз зевар ё монанди он)-ро бо дасти росташ, баъд фармуд: Ҳақиқатан абрешим ва тилло барои мардони ин уммат пӯшиданашон ҳаром аст, вале барои занонашон ҳалол аст.

فوائد الحديث

Синдӣ мегӯяд: Мақсад аз "ҳаром" гуфтан пӯшидани онҳо (тилло ва абрешим) мебошад. Аммо истифодаи онҳо ба монанди масраф кардан, нафақа, фурӯхтан, ё харидан барои ҳама ҷоиз аст. Аммо истифода бурдани тилло дар зарфҳо ва истеъмоли он (ба монанди нӯшидан ё хӯрдан аз онҳо) барои ҳама (марду зан) ҳаром аст.

Осонгирии шариати исломӣ барои занон, зеро занон ба зиннату зебоӣ ва монанди он ниёз доранд.

التصنيفات

Либос ва зиннат