Ҳар кӣ бихоҳад дар ризқи ӯ фаровонӣ ояд ва аҷали ӯ ба таъхир андохта шавад, пайванди хешовандиро нигоҳ дорад

Ҳар кӣ бихоҳад дар ризқи ӯ фаровонӣ ояд ва аҷали ӯ ба таъхир андохта шавад, пайванди хешовандиро нигоҳ дорад

Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ бихоҳад дар ризқи ӯ фаровонӣ ояд ва аҷали ӯ ба таъхир андохта шавад, пайванди хешовандиро нигоҳ дорад".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бо анҷоми зиёрату дидорбинӣ ва ҳамкории ҷониву молӣ ҳифзи робита бо хешовандонро ташвиқ намудаанд, ки он сабаби фаровонӣ дар ризқу рӯзӣ ва дарозумрӣ аст.

فوائد الحديث

Манзур аз хешовандӣ, хешовандон аз тарафи падару модар ҳастанд ва ба ҳар андоза, ки хешовандӣ наздиктар бошад ба ҳамон андоза дар робитаи хешовандӣ ва силаи раҳм авлотаранд.

Подош аз ҷинси амал аст, ҳар кӣ бо некӣ ва хубӣ пайванди хешовандиро ба ҷой оварад, Аллоҳ дар умр ва ризқи ӯ афзунӣ мебахшад.

Силаи раҳм боиси вусъати ризқу рузӣ ва дарозии умр аст, агарчи аҷал ва ризқу рузии банда маҳдуд ва мушаххас аст, аммо инҷо мақсуд аз баракат дар умр ва ризқ он аст, ки мумкин аст дар зиндагии худ амалҳои бештар ва судмандтар аз дигарон анҷом диҳад. Ҳамингуна бархе бар инанд, ки мақсуд аз баракат дар умр ва рӯзӣ ба маънои ҳақиқии он аст. Худованд донотар аст.

التصنيفات

Фазоили амалҳои нек