Аллоҳи Мутаъол фармудааст: Эй фарзанди одам! инфоқ кун, то Ман низ бар ту инфоқ кунам

Аллоҳи Мутаъол фармудааст: Эй фарзанди одам! инфоқ кун, то Ман низ бар ту инфоқ кунам

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Аллоҳи Мутаъол фармудааст: Эй фарзанди одам! инфоқ кун, то Ман низ бар ту инфоқ кунам".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят мекунад, ки Худованди Мутаъол фармуд: Эй фарзанди Одам, инфоқ кун - аз нафақаҳои фарзӣ ва мустаҳаб - ва Ман дар ивази он ба ту фаровонӣ медиҳам ва дар он бароят баракат мефармоям.

فوائد الحديث

Ташвиқ бар садақа додан ва инфоқ дар роҳи Аллоҳ.

Инфоқ кардан дар амалҳои хайр аз бузургтарин сабабҳои баракат дар ризқ ва афзоиши он аст ва Худованд ба банда дар ивази ончи инфоқ кардааст боз хоҳад дод.

Ба ин ҳадис, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз Парвардигораш ривоят мекунад, ҳадиси қудсӣ ё ҳадиси илоҳӣ гуфта мешавад. Лафз ва маънои ҳадиси қудсӣ аз ҷониби Аллоҳ аст, аммо хусусиёти қуръонӣ, ки вижаи худи Қуръони Карим аст дар он нест, чунончи хондани он (монанди Қуръон) ибодат нест ва барои хондани он таҳорат лозим намеояд, ҳамонгуна ки Қуръон дигаронро барои овардан ба мисли он ба чолиш кашидааст нест.

التصنيفات

Нафақа, Садақаи мустаҳаб