إعدادات العرض
Ҳар кӣ ба манзиле ояд ва сипас бигӯяд: "Аъӯзу бикалимотиллоҳит-томот мин шарри мо халақ" (Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз шарри он чи офаридааст), то…
Ҳар кӣ ба манзиле ояд ва сипас бигӯяд: "Аъӯзу бикалимотиллоҳит-томот мин шарри мо халақ" (Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз шарри он чи офаридааст), то замоне, ки онҷо аст ба ӯ зиёне нахоҳад расид
Аз Хавла бинти Ҳакими Суламӣ ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Ҳар кӣ ба манзиле ояд ва сипас бигӯяд: "Аъӯзу бикалимотиллоҳит-томот мин шарри мо халақ" (Паноҳ мебарам ба калимаҳои комили Аллоҳ аз шарри он чи офаридааст), то замоне, ки онҷо аст ба ӯ зиёне нахоҳад расид".
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Français اردو 中文 हिन्दी Bahasa Indonesia বাংলা Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ Русский ไทย Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە Türkçe دری Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Wolof Soomaali Moore Українська Български Tagalog Azərbaycan ქართული bm Oromoo Македонскиالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) уммати худро ба парҳезгорӣ ва паноҳгоҳи судманд ҳидоят мекунад, ҳар кас бояд ба он аз хатаре, ки ҳангоми истиқрор дар ҳар ҷое аз рӯӣ замин битарсад, хоҳ дар мусофират бошад ё дар саёҳат ва ё дар ғайра, ба калимаҳои комили Аллоҳ, ки дар фазлу баракат ва судмандӣ комил ва аз ҳар айбу нуқсон солим аст, аз шарри ҳар махлуқот, ки дар он шарр аст паноҳ бибарад, дар натиҷа то замоне дар он манзилгоҳ аст, аз ҳар озоре дар амон бимонад.فوائد الحديث
Паноҳ бурдан ба Аллоҳ, ба ном ва сифатҳои Ӯ Таъоло ибодат аст.
Паноҳ бурдан ба каломи Аллоҳ ҷоиз аст, зеро он яке аз сифатҳои Ӯ Таъоло аст, бар хилофи паноҳ бурдан ба дигар махлуқот, ки ширк аст.
Фазилат ва баракати ин дуъо.
Паноҳ бурдан бо зикр ва дуоҳо сабаби дар амон мондан аз шар ва бадиҳост.
Паноҳ бурдан ба ғайр аз Аллоҳ, ба монанди ҷин, ҷодугар, фолбинон ва ғайра нораво аст.
Машруъияти ин дуо барои касоне, ки дар хона ва ё дар сафар қарор доранд.
التصنيفات
Зикрҳо дар бораи пешомадҳо