إعدادات العرض
Эй Расули Худо! Ман ба тамоми анвоъи аз гуноҳон даст задаам (оё Худованд тавбаи манро мепазирад?) Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё гувоҳӣ медиҳӣ,…
Эй Расули Худо! Ман ба тамоми анвоъи аз гуноҳон даст задаам (оё Худованд тавбаи манро мепазирад?) Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё гувоҳӣ медиҳӣ, ки нест худое бар ҳақ магар Аллоҳ, ва инки Муҳаммад расули Аллоҳ аст?
Аз Анас (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй Расули Худо! Ман ба тамоми анвоъи аз гуноҳон даст задаам (оё Худованд тавбаи манро мепазирад?) Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё гувоҳӣ медиҳӣ, ки нест худое бар ҳақ магар Аллоҳ, ва инки Муҳаммад расули Аллоҳ аст?" Он мард се маротиба гуфт: бале гувоҳӣ медиҳам. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: " Ин (яъне тавба кардан ва гувоҳӣ додани ту) бар ивази он аст.
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands اردو Español Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Türkçe Bosanski සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Kurdî Hausa മലയാളം తెలుగు Kiswahili ไทย پښتو অসমীয়া Shqip دری Ελληνικά Български Fulfulde Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek नेपाली Moore Oromoo Wolof Soomaali Tagalog Français Azərbaycan Українська bm தமிழ் Deutsch ქართული Português Македонски Magyar فارسی Русский 中文الشرح
Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй расули Худо! Ман муртакиби ҳамагуна гуноҳон шудаам, ба тамоми гуноҳони сағира ва кабира даст задаам, оё Худованд маро мебахшад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: "Оё гувоҳӣ медиҳӣ, ки нест худое бар ҳақ магар Аллоҳ, Ва инки Муҳаммад расули Аллоҳ аст? Ин суханро се маротиба такрор намуданд, ва он мард ҷавоб гуфт: бале гувоҳӣ медиҳам. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро аз фазилат ва бузургии калимаи шаҳодат ва инки он каффораи гуноҳон, ва инки ҳамчунин тавба гуноҳони гузаштаро пок месозад, огаҳ фармуданд.فوائد الحديث
Азамат ва фазилати калимаи шаҳодат ва бартарии он бар гуноҳон, барои касоне, ки онро аз самими қалб мегӯянд.
Ислом ончи пеш аз он анҷом шудааст, бартараф месозад.
Тавбаи содиқона гуноҳони гузаштаро пок месозад.
Такрор дар таълим аз роҳнамудҳои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст.
Фазилати (калимаи) шаҳодатайн, наҷот ёфтан аз абадӣ будан дар дӯзах аст.
التصنيفات
Фазоили тавҳид