Паҳноӣ ҳавзи ман ба андозаи як моҳ роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир ва бӯяш хушбӯтар аз миск аст

Паҳноӣ ҳавзи ман ба андозаи як моҳ роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир ва бӯяш хушбӯтар аз миск аст

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Паҳноӣ ҳавзи ман ба андозаи як моҳ роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир ва бӯяш хушбӯтар аз миск аст, кӯзаҳои он монанди ситорагони осмон ҳастанд, касе аз он бинӯшад дигар ҳаргиз ташна намешавад"

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки рӯзи қиёмат соҳиби ҳавзе ҳастанд, ки паҳноӣ ва дарозии он ба андозаи як моҳа роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир, бӯяш хуштар аз бӯйи миск ва шумори кӯзаҳои он ба андозаи ситораҳои осмон аст. Касе аз он ҳавз бо он кӯзаҳо об бинӯшад дигар ҳаргиз ташнагиро нахоҳад дид.

فوائد الحديث

Ҳавзи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) як ҳавзи бисёр пуроб ва лабрез аст, ки мӯъминони уммати ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) рӯзи қиёмат аз он об менӯшанд.

Саодат насиби касе мешавад, ки аз он ҳавз менӯшад ва дигар ҳаргиз ташнагиро нахоҳад дид.

التصنيفات

Имон ба рӯзи қиёмат