إعدادات العرض
Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд
Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд
Аз Зубайр ибни Аввом ривоят аст, ки гуфт: Вақте ояти "Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд" (Сураи Такосур, ояти 8) нозил шуд, Зубайр гуфт: Эй Расули Худо! Аз кадом неъматҳо пурсида хоҳем шуд? Ҳоло он ки ғайри ду чизи сиёҳ, чизе нест, хурмо ва об? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Балки он (савол) хоҳад буд".
[Ҳасан] [رواه الترمذي وابن ماجه]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa తెలుగు Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली മലയാളം Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî Română Shqip Soomaali Српски Українська Wolof Tagalog Moore தமிழ் Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Македонски Русский Bambara Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe Italiano አማርኛ O‘zbek Español Kurmancî 日本語الشرح
Вақте ин оят нозил шуд: "Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд" (Сураи Такосур, ояти 8). Яъне, аз шукри неъматҳое, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ доштааст пурсида хоҳед шуд. Зубайр ибни Аввом (разияллоҳу анҳу) гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Аз кадом неъматҳо пурсида хоҳем шуд? Танҳо ду неъмате аст, ки ҷое барои пурсиш надорад ва онҳо хурмо ва об аст! Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Шумо бо вуҷуди ҳолате, ки бар он ҳастед, дар бораи неъматҳо пурсида хоҳед шуд. Зеро ин ду аз неъматҳои бузурги Аллоҳ Таъоло ҳастанд.فوائد الحديث
Таъкид бар шукри Аллоҳ Таъоло барои неъматҳояш.
Неъматҳо аз ҷумлаи чизҳое ҳастанд, ки рӯзи қиёмат банда аз онҳо пурсида хоҳад шуд, кам бошанд ё зиёд.
