إعدادات العرض
Агар касе аз шумо дар шикамаш чизеро эҳсос кард ва барояш савол пеш омад, ки оё чизе аз ӯ хориҷ шуд ё не? Пас аз масҷид берун нашавад, то ин ки садое шунавад ё бӯе эҳсос…
Агар касе аз шумо дар шикамаш чизеро эҳсос кард ва барояш савол пеш омад, ки оё чизе аз ӯ хориҷ шуд ё не? Пас аз масҷид берун нашавад, то ин ки садое шунавад ё бӯе эҳсос кунад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Агар касе аз шумо дар шикамаш чизеро эҳсос кард ва барояш савол пеш омад, ки оё чизе аз ӯ хориҷ шуд ё не? Пас аз масҷид берун нашавад, то ин ки садое шунавад ё бӯе эҳсос кунад."
[Саҳеҳ] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa తెలుగు Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली മലയാളം Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî Română Soomaali Shqip Српски Українська Wolof Tagalog Moore தமிழ் Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Русский Македонски Bambara አማርኛ Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe Italiano O‘zbek Español Kurmancî 日本語الشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки агар чизе дар шиками намозгузор ҳаракат кард ва барояш муайян нашуд, ки оё чизе аз ӯ хориҷ шудааст ё на, аз намоз хориҷ нашавад ва намозро барои таҳорати нав қатъ накунад, то ин ки мутмаъин шавад, чизе рух дода ва таҳораташро шикастааст. Яъне, ин ки садое шунавад ё бӯе ҳис кунад, зеро шак яқинро ботил намекунад ва ӯ ба таҳорати худ яқин дорад, аммо дар шикастани таҳораташ шак дорад.فوائد الحديث
Ин ҳадис яке аз асосҳои Ислом ва қоидае аз қоидаҳои фиқҳ аст. Ва он қоида инаст, ки: "яқин бо шак аз байн намеравад" ва асос боқи мондани ончизе аст, ки буд, то ин ки хилофи он собит шавад.
Шак бар таҳорат таъсире надорад ва намозгузор бар таҳорати худ боқӣ мемонад, то вақте ки аз шикастани таҳорат яқин кунад.
