إعدادات العرض
Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд. Ва муҳоҷир касе аст, ки он чиро Аллоҳ ҳаром кардааст, тарк кунад
Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд. Ва муҳоҷир касе аст, ки он чиро Аллоҳ ҳаром кардааст, тарк кунад
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз забон ва дасти ӯ дар амон бошанд. Ва муҳоҷир касе аст, ки он чиро Аллоҳ ҳаром кардааст, тарк кунад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt Hausa Kurdî Português සිංහල Svenska ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Kiswahili پښتو অসমীয়া دری or Čeština नेपाली Română Nederlands Soomaali తెలుగు Српски മലയാളം Кыргызча Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Wolof Magyar ქართული Moore Українська Македонски Azərbaycan Lietuvių Shqip አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ မြန်မာ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки мусалмоне, ки исломаш комил аст, касе аст, ки мусалмонон аз забони ӯ дар амон ҳастанд. Яъне, онҳоро дашном намедиҳад, лаънат намегӯяд, ғайбат намекунад ва ба забонаш ба онон ҳеҷ зараре намерасонад. Ва онҳо аз дасташ ҳам дар амон ҳастанд. Яъне, ба ҳаққашон даст дарозӣ намекунад ва амволашонро ба ноҳақ намегирад ва монанди инҳо. Ва муҳоҷир касе аст, ки он чиро Аллоҳ ҳаром кардааст, тарк мекунад.فوائد الحديث
Камолияти Ислом танҳо дар сурати нарасонидани зарар ба дигарон, чи аз ҷиҳати моддӣ ва чи аз ҷиҳати маънавӣ, имконпазир аст.
Дар инҷо забон ва даст ба шакли хос зикр шудааст, зеро иштибоҳоти дасту забон ва зиёни онҳо бештар аст ва бештари бадиҳо аз ин ду рух медиҳад.
Ташвиқ ва тарғиб ба тарки гуноҳон ва пойбандӣ ба амрҳои Аллоҳ Таъоло.
Беҳтарин мусалмонон касоне ҳастанд, ки ҳаққи Аллоҳ Таъоло ва ҳаққи мусалмононро ба ҷо меоранд.
Таҷовуз ва дастдарозӣ метавонад шифоҳӣ ё амалӣ бошад.
Ҳиҷрати комил, тарки он чи ки Аллоҳ Таъоло ҳаром кардааст, мебошад.
