إعدادات العرض
Ин ду азоб дода мешаванд ва дар чизи бузурге азоб дода намешаванд, яке аз он ду худро аз пешоб пок намекард ва дуюми суханчинӣ мекард
Ин ду азоб дода мешаванд ва дар чизи бузурге азоб дода намешаванд, яке аз он ду худро аз пешоб пок намекард ва дуюми суханчинӣ мекард
Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз назди ду қабр мегузашт ва фармуд: "Ин ду азоб дода мешаванд ва дар чизи бузурге азоб дода намешаванд, яке аз он ду худро аз пешоб пок намекард ва дуюми суханчинӣ мекард". Сипас шохаи тозаи дарахти хурморо бардошт ва онро ду нисф кард ва ҳар нисфро дар яке аз қабрҳо нишонд. Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ, чаро чунин кардӣ? Гуфт: "Шояд, то он даме ки хушк нашаванд, барояшон сабукӣ диҳад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî മലയാളം Kiswahili Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá සිංහල پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Română Kinyarwanda తెలుగు Lietuvių Nederlands Soomaali Shqip Српски Deutsch Українська ಕನ್ನಡ Wolof Moore ქართული Azərbaycan Magyar தமிழ் Македонски မြန်မာ አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз назди ду қабр мегузашт, фармуд: Соҳибони ин ду қабр азобу шиканҷа мешаванд. Аммо барои чизе азоб намешаванд, ки дар назари шумо кори бузурге бошад, агарчанде назди Аллоҳ кори бузург аст. Яке аз онҳо ҳангоми қазои ҳоҷат ба ҳифзи бадан ва либоси худ аз пешоб аҳамият намедод. Дувумӣ дар миёни мардум суханчинӣ мекард ва ба қасди зиён расонидан ва миёни мардум ихтилоф андохтан сухани ононро ба ҳам мерасонд.فوائد الحديث
Суханчинӣ ва аз пешоб пок накардан аз гуноҳони кабира аст ва аз сабабҳои азоби қабр аст.
Аллоҳ Таъоло баъзе аз ғайбиётро - ба монанди азоби қабр - ба унвони нишонаи паёмбарии он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ошкор мекунад.
Ин амал, яъне ду нима кардани як шохаи сабз ва гузоштан он дар болои қабр хоси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Чунки Аллоҳ ӯро аз аҳволи соҳибони он ду қабр огоҳ кард. Бинобар ин, набояд дигаронро бо он ҳазрат қиёс кард, зеро касе аз аҳволи асҳоби қубур хабардор нест.
