إعدادات العرض
Одамизод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад, агар ночор ба хӯрдани бештар аз он шуд, пас, бояд сеяки…
Одамизод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад, агар ночор ба хӯрдани бештар аз он шуд, пас, бояд сеяки меъдаи худро барои хӯрданиҳо ва сеяки дуюмро ба нӯшиданиҳо ва сеяки дигарро барои нафас кашидан ихтисос диҳад
Аз Миқдом ибни Маъди Кариб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мефармояд: "Одамизод ҳеҷ зарферо бадтар аз шикамаш пур накардааст. Барои инсон кофӣ аст чандон бихӯрад, ки зинда бимонад, агар ночор ба хӯрдани бештар аз он шуд, пас, бояд сеяки меъдаи худро барои хӯрданиҳо ва сеяки дуюмро ба нӯшиданиҳо ва сеяки дигарро барои нафас кашидан ихтисос диҳад".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português دری অসমীয়া پښتو Tiếng Việt Македонски O‘zbek Kiswahili ភាសាខ្មែរ ਪੰਜਾਬੀ తెలుగు ไทย Azərbaycan Moore አማርኛ Magyar ქართული ಕನ್ನಡ ગુજરાતી Українська Shqip Кыргызча Kinyarwanda Српски Wolof Čeština தமிழ் नेपाली മലയാളം kmr فارسی ms Lietuviųالشرح
Паёмбари Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) моро ба яке аз усулҳои асосии тиб роҳнамоӣ мекунад, ки он пешгирӣ (профилактика) аст. Яъне, инсон бояд саломатии худро бо камхӯрӣ нигоҳ дорад. Бояд танҳо ба қадре бихӯрад, ки гуруснагияшро дур кунад ва ӯро барои анҷоми корҳои зарурӣ қувват бахшад. Зеро бадтарин зарфе, ки пур мешавад, шикам аст, аз серхӯрӣ бемориҳои зиёде ба вуҷуд меояд, ки бархе фавран ва баъзе дертар, бархе ошкор ва бархе пинҳон пайдо мешаванд. Сипас Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Агар инсон ночор бошад, ки сер шавад, пас бояд аз се як ҳиссаи шикамашро барои хӯрок, як ҳиссаи дигарро барои нӯшидан ва як ҳиссаи боқимондаашро барои нафаскашӣ гузорад, то ки тангии нафас, зарар ва танбалӣ дар анҷоми фарзҳои диниву дунявӣ бар ӯ роҳ наёбад.فوائد الحديث
Худдорӣ аз зиёд хӯрдану нӯшидан, ин як асоси умумии тамоми қоидаҳои тиббӣ аст, зеро пурхӯрӣ сабаби бемориҳо ва дардҳои гуногун мегардад.
Мақсади хӯрок хӯрдан нигоҳ доштани сиҳатӣ ва қувват аст, ки бо онҳо ҳаёт солим мемонад.
Серхӯрӣ ба бадан ва дин зарар дорад. Умар (разияллоҳу анҳу) гуфт: "Аз серхӯрӣ парҳез кунед, зеро он баданро табоҳ мекунад ва сабаби сустии инсон дар намоз мешавад".
Хӯрдан аз нигоҳи ҳукм бар панҷ қисм ҷудо мешавад: Воҷиб, он чизе, ки барои ҳифзи ҳаёт зарур аст ва тарки он ба зарар меанҷомад. Ҷоиз, зиёда аз ҳадди зарурӣ, ки зарараш эҳтимолӣ нест. Макрӯҳ, он чизе, ки эҳтимоли зарар доштанаш вуҷуд дорад. Ҳаром, он чизе, ки зиён доштани он маълум аст. Мустаҳаб, он чизе, ки дар ибодати Худо кумак мекунад.
Ин мафҳум дар ҳадис бо се марҳила ҷамъбаст шудааст. Аввал: пур кардани шикам. Дувум: чанд луқма барои устувории бадан. Севум: "Як сеюм барои таом, як сеюм барои нӯшокӣ ва як сеюм барои нафаскашӣ". Ин ҳама дар сурате дуруст аст, ки навъи хӯрок ҳалол бошад.
Ин ҳадис яке аз қоидаҳои асосии тиб ба шумор меравад. Азбаски илми тиб бар се асос такя мекунад: нигоҳдории қувват, парҳез ва тоза кардани бадан, ҳадис ду асоси аввалро дар бар мегирад. Чуноне, ки Худованд мефармояд: (ва [дар зиндагӣ, аз хӯрокҳои покиза] бихӯред ва биошомед, вале исроф накунед, [ки] бе тардид, Аллоҳ Таъоло исрофкунандагонро дӯст намедорад) (Сураи Аъроф, ояти 31).
Камолоти ин шариати исломӣ дар он зоҳир аст, ки ҳамаи манфиатҳои инсонро, чи дар динаш ва чи дар дунёяш дарбар мегирад.
Аз ҷумлаи илмҳои шариат бахшҳои асосии тиб ва навъҳои гуногуни он низ ҳастанд, чунончи, дар бораи асал ва сиёҳдона (ҳаббат-ус-савдо) омадааст.
Аҳкоми шариат шомили ҳикмат аст, ки асоси онҳо ҳикмат ва бар пояи пешгирии зарарҳо ва ҷалби манфиатҳо қарор гирифтаанд.
التصنيفات
Накуҳиши ҳавои нафс ва шаҳватҳо