إعدادات العرض
Худованд ҳар касеро масъулияте болои аз мардум вомегузорад ва ӯ дар ҳоле мемирад, ки бар раияташ хиёнат кардааст, Худованд биҳиштро бар ӯ ҳаром гардонидааст
Худованд ҳар касеро масъулияте болои аз мардум вомегузорад ва ӯ дар ҳоле мемирад, ки бар раияташ хиёнат кардааст, Худованд биҳиштро бар ӯ ҳаром гардонидааст
Аз Маъқил ибни Ясори Музанӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Худованд ҳар касеро масъулияте болои аз мардум вомегузорад ва ӯ дар ҳоле мемирад, ки бар раияташ хиёнат кардааст, Худованд биҳиштро бар ӯ ҳаром гардонидааст".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە සිංහල ไทย دری Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Oromoo Wolof Soomaali Malagasy Български Українська Azərbaycan ქართული ln bmالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе Аллоҳ ӯро ҳоким ва масъул қарор додааст, чи масъулияти бузурге бар дӯш дорад, монанди ҳоким ва амир, ва ё сарпарастии хос, ба монанди сарпарастии мард ё зан дар хонаи худ ва бар зердастони худ беэътиноӣ кунад, дар масъулияти худ фиреб ва хиёнат кунад, барои онон хайр ва некӣ нахоҳад ва ҳуқуқи динӣ ва дунявии ононро зоеъ кунад, сазовори ин ҷазои сахт хоҳад буд.فوائد الحديث
Ин таҳдид на танҳо барои касоне аст, ки дар баландтарин маносиб нишастаанд, балки шомили тамоми касоне аст, ки ҳатто кӯчактарин масъулият бар онҳо вогузор шудааст.
Ҳар кӣ масъулияте аз умури мусалмонон бар ӯ вогузор шудааст бояд ба насиҳати онҳо бипардозад, дар адои амонат талош кунад ва аз хиёнат барҳазар бошад.
Вазифа ва масъулият бисёр як амри бузург аст, баробар аст, ки масъулияти калон бошад ё кӯчак, сарпарасти умумӣ бошад ё аз як гурӯҳи хос.
التصنيفات
Сиёсати шаръӣ