Ҳамоно Аллоҳ ба золим муҳлат медиҳад, ва чун ӯро гирифт, дигар раҳояш намекунад

Ҳамоно Аллоҳ ба золим муҳлат медиҳад, ва чун ӯро гирифт, дигар раҳояш намекунад

Аз Абумусо (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳамоно Аллоҳ ба золим муҳлат медиҳад, ва чун ӯро гирифт, дигар раҳояш намекунад". Сипас ин ояти каримаро қироат фармуд: "Ва чунин аст бозхости Парвардигорат, ки аҳолии шаҳрҳоеро, ки ситамгор [-у мушрик] буданд, фаро мегирифт. Бе гумон, бозхости ӯ дарднок ва сахт аст". (Ҳуд 102)"

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз фурӯ рафтан дар гуноҳу маъосӣ ва ширк ва зулму ситам дар ҳаққи мардум ҳушдор додааст. Аллоҳ Таъоло ба золим муҳлат медиҳад ва бозхости ӯро ба таъхир меандозад, умрашро тулонӣ ва ба ӯ моли зиёд медиҳад ва дар уқубати ӯ шитоб намекунад. Пас агар тавба накард, ӯро ба муҷозот мегирад ва ба сабаби зулми зиёд, ки анҷом додааст дигар раҳояш намекунад. Сипас Паёмбари Худо ин сухани Аллоҳро тиловат фармуд: "Ва чунин аст бозхости Парвардигорат, ки аҳолии шаҳрҳоеро, ки ситамгор [-у мушрик] буданд, фаро мегирифт. Бе гумон, бозхости Ӯ дарднок ва сахт аст". (Сураи Ҳуд: 102)"

فوائد الحديث

Шахси оқил бояд ҳарчи зудтар тавба кунад ва агар ба зулмаш идома диҳад худро аз макри илоҳӣ дар амон надонад.

Аллоҳи Мутаъол ба ситамгарон мӯҳлат медиҳад ва дар азобашон шитоб намекунад, то бештар гирифтори иғво ва дучанд шудани азобашон гардад, агар тавба намекунанд.

Зулм яке аз сабабҳои муҷозоти мардум аз ҷониби Аллоҳ аст.

Агар Аллоҳ қавмеро ҳалок кунад, ки мумкин аст миёни онҳо некӯкорон бошад, ба онҳо зиёне дар рӯзи қиёмат нахоҳад буд, зеро онҳо бар асоси некӣ ва салоҳ, ки дар он буданд ҳашр хоҳанд шуд.

التصنيفات

Ақида, Тавҳиди исмҳо ва сифатҳо, Ахлоқи нописанд