إعدادات العرض
Саҳмҳои меросро ба соҳибонашон бидиҳед. Он чи боқӣ монад барои наздиктарин мард (аз хешовандон) аст
Саҳмҳои меросро ба соҳибонашон бидиҳед. Он чи боқӣ монад барои наздиктарин мард (аз хешовандон) аст
Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) аз Паёмбар (Салалоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, ки фармуданд: "Саҳмҳои меросро ба соҳибонашон бидиҳед. Он чи боқӣ монад барои наздиктарин мард (аз хешовандон) аст".
[صحيح] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Português Русский Македонски नेपाली دری پښتو ગુજરાતી ភាសាខ្មែរ Shqip Українська Čeština Српски Kurdî ქართული Magyar ਪੰਜਾਬੀ Kiswahili ಕನ್ನಡ മലയാളം kmrالشرح
Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба касоне, ки меросро тақсим мекунанд, фармон дод, ки тақсими мерос миёни мустаҳиққони он бояд бо адолат ва мувофиқи шариат бошад, ҳамонгуна ки Аллоҳ Таъоло хостааст. Соҳибони саҳмҳои муайян, ки саҳмҳояшон дар Қуръони Карим муайян шудааст, яъне дуто сеяк, сеяк, шашяк, нисф, чаҳоряк ва ҳаштяк ба соҳибони ҳаққи мерос дода шавад. Қисми боқимонда бошад, ба наздикони марде, ки фавтидааст, аз наздиктарин ҷинси мардон дода мешавад, ки онҳоро "асаба" меноманд.فوائد الحديث
Ин ҳадис қоида дар тақсими мерос аст.
Тақсими саҳмҳои мерос бо шуруъ аз саҳмҳои муайян (аҳли фароиз ё саҳмҳо) сурат мегирад.
Он чизе, ки пас аз додани саҳмҳои муайяншуда боқӣ мемонад, ба асаба (хешовандони падарӣ) дода мешавад.
Муқаддам доштани наздиктар, сипас наздиктар. Хеши падарии дур, монанди, амак, дар ҳоли будани хеши наздиктар, монанди падар, мерос намебарад.
Агар саҳмҳои муайяншуда ҳамаи меросро дар бар гирад ва чизе боқӣ намонад, дар ин ҳолат барои асаба чизе боқӣ намемонад.
التصنيفات
Асаба (дар мерос)