إعدادات العرض
Ман (рӯзи қиёмат) назди ҳавз ҳастам, то бубинам кадоме аз шумо ба назди ман ворид мешавед ва иддаеро аз назди ман мебаранд ва ман мегӯям: Парвардигоро! Онҳо аз ман ва…
Ман (рӯзи қиёмат) назди ҳавз ҳастам, то бубинам кадоме аз шумо ба назди ман ворид мешавед ва иддаеро аз назди ман мебаранд ва ман мегӯям: Парвардигоро! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд
Аз Асмоа духтари Абубакр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ман (рӯзи қиёмат) назди ҳавз ҳастам, то бубинам кадоме аз шумо ба назди ман ворид мешавед ва иддаеро аз назди ман мебаранд ва ман мегӯям: Парвардигоро! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд, гуфта мешавад: оё медонӣ пас аз ту чи амалҳое анҷом додаанд? Савганд ба Аллоҳ онҳо дини худро тарк карда ба ҳоли аввалии худ бармегаштанд"
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands اردو Español Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Türkçe Bosanski සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa മലയാളം తెలుగు Kiswahili ไทย پښتو অসমীয়া Shqip دری Ελληνικά Български Fulfulde Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek नेपाली Moore Kurdî Oromoo Wolof Soomaali Français Azərbaycan Tagalog Українська தமிழ் bm Deutsch ქართული Português mk Magyar فارسی ln Русскийالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён медоранд, ки ӯ рӯзи қиёмат дар назди ҳавз аст то бубинад, ки чи касе аз умматонаш ба назди ҳавз меояд, баъзе аз мардумон аз назди ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бурда мешаванд ва Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд: Парвардигорам! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд. Ба Паёмбар гуфта мешавад: Оё медонӣ пас аз шумо чи амалҳое анҷом медоданд? Савганд ба Аллоҳ онҳо дини худро тарк карда ба ҳоли аввалии худ бармегаштанд, онҳо на аз ту ва на аз уммати ту ҳастанд.فوائد الحديث
Шафқат ва меҳрубонии Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар умматони худ ва таваҷҷуҳи ӯ нисбат ба онҳо.
Хатари мухолифат бар ончи, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо овардааст.
Даъват барои риоя ва чанг задан ба суннати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод).