إعدادات العرض
Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст
Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд: "Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст". Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамин оташи дунё худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Гармии он шасту нуҳ баробар бештар аз ин оташ аст, ки гармии ҳар яки он ба андозаи ин оташ аст"
[صحيح] [متفق عليه]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands اردو Español Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Türkçe Bosanski සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa മലയാളം తెలుగు Kiswahili ไทย پښتو অসমীয়া Shqip دری Ελληνικά Български Fulfulde Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda Српски O‘zbek नेपाली Moore or Kurdî Oromoo Soomaali Français Wolof Azərbaycan Tagalog Українська தமிழ் bm Deutsch ქართული Português mk Magyarالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки оташи дунё танҳо як бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст, қуввати гармии оташи дӯзах шасту нуҳ баробари дигар бештар аз гармии оташи дунё аст, ки ҳар як қисмати он баробари гармии оташи дунё аст. Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамон оташи дунё барои касоне, ки вориди дӯзах мешаванд худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: гармии оташи дӯзах шасту нуҳ маротиба бештар аз оташи дунё аст, ки гармии ҳар як қисмати он баробар ба оташи дунё аст.فوائد الحديث
Ҳушдор ва бим додан аз оташи дӯзах, то мардум аз амалҳое, ки сабаби ворид шудан ба дӯзах мешаванд, барҳазар бошанд.
Оташи дӯзах бисёр ҳавлнок ва дардовар, ва дорои ҳарорати бисёр баланд аст.