إعدادات العرض
Эй Билол! Намозро иқомат кун, моро бо он роҳат бидеҳ
Эй Билол! Намозро иқомат кун, моро бо он роҳат бидеҳ
Аз Солим ибни Абулҷаъд ривоят аст, ки гуфт: Марде гуфт, ки кош намоз мехондам ва роҳат мешудам. Гӯё сухани ӯро бад шумориданд. Пас, ӯ гуфт: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Эй Билол! Намозро иқомат кун, моро бо он роҳат бидеҳ."
[Саҳеҳ] [رواه أبو داود]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली മലയാളം తెలుగు Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî Română Soomaali Shqip Српски Українська Wolof Tagalog Moore தமிழ் Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Русский Македонски አማርኛ Bambara Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe Italiano O‘zbek Español Kurmancî 日本語الشرح
Марде аз асҳоб гуфт: Кош намоз мехондам ва истироҳат мекардам, гӯё атрофиёнаш ӯро дар ин кор маломат карданд, пас гуфт: Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки мефармуд: Эй Билол! Барои намоз азон бигӯ ва намозро қоим бидор, то онро адо кунем ва бо он осуда шавем. Зеро намоз шомили муноҷот бо Аллоҳ ва роҳате барои руҳу дил аст.فوائد الحديث
Оромии дил бо намоз аст, зеро дар бар дорандаи муноҷот бо Аллоҳ аст.
Инкор бар касе, ки ибодатро сангин мешуморад.
Шахсе воҷиберо, ки бар уҳдааш аст, анҷом диҳад, барояш осоиш ва эҳсоси оромиш ҳосил мешавад.
