Касоне, ки меҳрубон ҳастанд, Аллоҳи Раҳмон ба онон раҳм хоҳад кард. Бар аҳли замин раҳм кунед, Он ки дар осмон аст ба шумо раҳм мекунад

Касоне, ки меҳрубон ҳастанд, Аллоҳи Раҳмон ба онон раҳм хоҳад кард. Бар аҳли замин раҳм кунед, Он ки дар осмон аст ба шумо раҳм мекунад

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касоне, ки меҳрубон ҳастанд, Аллоҳи Раҳмон ба онон раҳм хоҳад кард. Бар аҳли замин раҳм кунед, Он ки дар осмон аст ба шумо раҳм мекунад."

[Саҳеҳ] [رواه أبو داود والترمذي وأحمد]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки касоне, ки ба дигарон раҳм мекунанд, Парвардигори Раҳмон бо раҳматаш, ки ҳама чизро фаро гирифтааст, ононро мавриди раҳмат қарор медиҳад, Подош мувофиқи амал аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр карданд, ки ҳар ки дар замин аст, аз инсон, ҳайвон ё паранда ва дигар махлуқот, мавриди раҳмат қарор гиранд, ҷазояшон он аст, ки Аллоҳ низ шуморо аз болои осмонҳо мавриди раҳмат қарор медиҳад.

فوائد الحديث

Дини Ислом дини раҳмат аст. Ва комилан бар итоати Худо ва некӣ дар ҳаққи бандагонаш асос ёфтааст.

Аллоҳи бузург мавсуф ба раҳмат аст. Ӯ Раҳмон ва Раҳим аст ва раҳматашро ба бандагонаш мерасонад.

Подош аз ҷинси амал аст. Онҳое, ки раҳмдилу меҳрубон ҳастанд мавриди раҳмати Аллоҳ қарор мегиранд.

التصنيفات

Тавҳиди исмҳо ва сифатҳо, Ахлоқи писандида