إعدادات العرض
Ҳаргоҳ яке аз шумо вузӯ гирифт ва мӯза ё пояфзоли аз буҷулакҳо боло пӯшид, бо онҳо намоз хонад ва бар онҳо масҳ бикашад ва агар хост онҳоро набарорад, магар дар…
Ҳаргоҳ яке аз шумо вузӯ гирифт ва мӯза ё пояфзоли аз буҷулакҳо боло пӯшид, бо онҳо намоз хонад ва бар онҳо масҳ бикашад ва агар хост онҳоро набарорад, магар дар ҳолати ҷанобат
Аз Анас (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳаргоҳ яке аз шумо вузӯ гирифт ва мӯза ё пояфзоли аз буҷулакҳо боло пӯшид, бо онҳо намоз хонад ва бар онҳо масҳ бикашад ва агар хост онҳоро набарорад, магар дар ҳолати ҷанобат."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം Deutsch ქართული नेपाली Magyar Moore తెలుగు Svenska Кыргызча ಕನ್ನಡ Українська Kinyarwanda Oromoo Македонски ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy Wolof ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာ Русскийالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳаргоҳ мусалмон масҳияшро баъд аз вузӯи комил бипӯшад, сипас бевузӯ шавад ва хоҳад вузӯи нав бигирад, барояш ҷоиз аст, ки бар онҳо масҳ бикашад ва бо онҳо намоз бихонад, то муҳлати муайяншуда (барои муқим як шабонарӯз ва барои мусофир се шабонарӯз), магар дар ҳолати ҷанобат, ки бояд онҳоро барорад ва ғусл кунад.فوائد الحديث
Масҳ кашидан бар хуфҳо танҳо баъд аз пӯшидани онҳо бо вузӯӣ комил ҷоиз аст.
Муҳлати масҳ барои муқим як шабонарӯз мебошад ва барои мусофир се шабонарӯз аст.
Масҳ бар рӯйи хуфҳо танҳо дар ҳолати бе вузугӣ дуруст аст. Аммо дар ҳолати баъд аз ҷанобат ё дар ҳолати ғусл воҷиб шудан масҳ кашидан ҷоиз нест, балки дар ҳолати ғусл кардан бояд хуфҳоро барорад ва пойҳоро бишӯяд.
Намоз хондан бо хуф ё пойафзол бар хилофи яҳудиён мустаҳаб аст, дар ҳоле ки пойафзол пок бошад ва барои дигар намозгузорон ё масҷид (масҷидҳое, ки бо қолин фаршшуда аст ва дар он бо пойафзол намоз намехонанд) зараре нарасонад.
Масҳ бар рӯйи хуфҳо (мӯзаҳо) навъе аз осонӣ ва сабукӣ барои ин уммат аст.
التصنيفات
Масҳ бар маҳсӣ ва монанди он