إعدادات العرض
Нагӯед: Он чи Аллоҳ ва фалонӣ бихоҳад, балки бигӯед: Он чи Аллоҳ бихоҳад, сипас фалонӣ бихоҳад
Нагӯед: Он чи Аллоҳ ва фалонӣ бихоҳад, балки бигӯед: Он чи Аллоҳ бихоҳад, сипас фалонӣ бихоҳад
Аз Ҳузайфа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Нагӯед: Он чи Аллоҳ ва фалонӣ бихоҳад, балки бигӯед: Он чи Аллоҳ бихоҳад, сипас фалонӣ бихоҳад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Tiếng Việt پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Kinyarwanda తెలుగు Lietuvių Română മലയാളം Nederlands Soomaali Српски Українська Deutsch ಕನ್ನಡ Wolof Moore Shqip ქართული Azərbaycan Magyar Македонски தமிழ் မြန်မာ አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) наҳйи кардааст, ки мусалмон дар суханаш чунин бигӯяд: "Он чи Аллоҳ ва фалонӣ бихоҳад." Ё ҳар чи Аллоҳ ва фалонӣ бихоҳад; Зеро ирода ва хоҳиши Аллоҳ мутлақ аст ва ҳеҷ кас дар ирода ва хоҳишаш бо Ӯ шарик нест. Ва дар кор бурдани (ва) дар ин ҷумла ин эҳсос мешавад, ки касе бо Аллоҳ шарик аст ва бо ҳам яксон ҳастанд. Аммо шахс бояд чунин бигӯяд: Он чи Аллоҳ бихоҳад, сипас фалонӣ бихоҳад. Пас бо гуфтани "сипас" ба ҷои "ва" хоҳиши бандаро тобеъи иродаи Аллоҳ мегардонад, зеро "сипас" нишонаи баъд омадан аст.فوائد الحديث
Гуфтани: "Ҳар чи Худо бихоҳад ва ту бихоҳӣ" ва ба ин монанд ибораҳое, ки пайванд бо Аллоҳро бо "ва" дар бар мегиранд, ҳаром аст, зеро он як навъ ширк дар сухан ва гуфтор аст.
Гуфтани ин ҷумла: "Он чи Аллоҳ бихоҳад сипас ту бихоҳӣ" ҷоиз аст. Ва монанди он ки дар он пайванд бо "сипас" ва "баъд" омадааст, чун ки дар он мамнуъият вуҷуд надорад.
Исботи хости Аллоҳ ва исботи хости банда ва ин ки хост ва иродаи банда тобеъ ба иродаи Аллоҳ Таъоло аст.
Шарик кардани хости махлуқот дар хост ва иродаи Аллоҳ манъ аст, агарчи ба лафз ҳам бошад.
Агар банда муътақид бошад, ки хост ва иродаи банда монанди хост ва иродаи Аллоҳ аст ва дар фарогирӣ ва мутлақӣ бо он баробар аст, ё муътақид бошад, ки хост ва иродаи мустақил дорад, дучори ширки акбар шудааст. Аммо агар ба пасттар аз ин муътақид бошад, дучори ширки асғар шудааст.
التصنيفات
Тавҳиди улуҳият