Агар мардум золимеро бубинанд ва бар зидди ӯ чорае наандешанд (аз зулми ӯ пешгирӣ накунанд) наздик аст, ки Аллоҳ ҳамаашонро дучори муҷозоте аз сӯи Худ кунад

Агар мардум золимеро бубинанд ва бар зидди ӯ чорае наандешанд (аз зулми ӯ пешгирӣ накунанд) наздик аст, ки Аллоҳ ҳамаашонро дучори муҷозоте аз сӯи Худ кунад

Аз Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки фармуд: Эй мардум, ин оятро мехонед: (Эй касоне, ки имон овардаед, муроқиби [имон ва тоати] худ бошед. Агар ҳидоят ёфта бошед, гумроҳии касоне, ки гумроҳ шудаанд, ба шумо зиёне намерасонад.) (Сураи Моида, ояти 105). Ва ман аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки мефармуд: "Агар мардум золимеро бубинанд ва бар зидди ӯ чорае наандешанд (аз зулми ӯ пешгирӣ накунанд) наздик аст, ки Аллоҳ ҳамаашонро дучори муҷозоте аз сӯи Худ кунад."

[Саҳеҳ] [رواه أبو داود والترمذي والنسائي في الكبرى وابن ماجه وأحمد]

الشرح

Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки мардум ин оятро мехонанд: (Эй касоне, ки имон овардаед, муроқиби [имон ва тоати] худ бошед. Агар ҳидоят ёфта бошед, гумроҳии касоне, ки гумроҳ шудаанд, ба шумо зиёне намерасонад.) (Сураи Моида, ояти 105.) Ва аз он чунин мефаҳманд, ки инсон бояд танҳо барои ислоҳи худ талош кунад ва баъд аз он гумроҳии гумроҳон ба ӯ осебе намерасонад ва аз онҳо амри ба маъруф ва наҳй аз мункар матлуб нест! Пас онҳоро фаҳмонид, ки ин тавр нест ва ӯ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидааст, ки мефармуд: Агар мардум золимеро бубинанд ва бо вуҷуди тавоноӣ ӯро аз зулмаш бознадоранд, наздик аст, ки Аллоҳ ҳамаи ононро гирифтори муҷозоти фарогири Худ қарор диҳад. Ин муҷозот шомили ҳам оне, ки муртакиби мункар шудааст ва ҳам он ки дар ин кор хомӯширо ихтиёр кардааст, мегардад.

فوائد الحديث

Вазифаи мусалмонон аст, ки якдигарро насиҳат кунанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд.

Ҷазои умумии Аллоҳ золимро барои зулми худ дар бар мегирад ва инчунин касонеро дар бар мегирад, ки дар баробари золим бо вуҷуди тавоноияшон бар инкори мункар, хомӯширо ихтиёр кардаанд.

Ба мардум таълими дуруст додан ва ба онҳо дуруст фаҳмондани матнҳои Қуръон.

Инсон бояд ба фаҳми дурусти китоби Аллоҳ таваҷҷуҳ нишон диҳад, то мабодо онро бар ғайри манзури илоҳӣ маъно кунад.

Ҳидоят бо тарки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ҳосил намешавад.

Тафсири дурусти оят: Худро аз гуноҳон ҳифз кунед. Агар худро аз гуноҳ ҳифз кардед, дар ҳоле ки аз анҷоми амр ба маъруф ва наҳй аз мункар нотавон бошед, гумроҳии касе, ки бо анҷом додани корҳои ҳаром гумроҳ мешавад, ба шумо зиёне намерасонад.

التصنيفات

Ҳукми амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар