إعدادات العرض
Аз ман ба дигарон, агарчи як оят ҳам бошад, бирасонед. Эроде барои шумо нест агар дар мавриди Бани Исроил нақл ва сухан мегӯед, ва ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ…
Аз ман ба дигарон, агарчи як оят ҳам бошад, бирасонед. Эроде барои шумо нест агар дар мавриди Бани Исроил нақл ва сухан мегӯед, ва ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бандад, ҷойгоҳи худро дар дӯзах омода созад
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Аз ман ба дигарон, агарчи як оят ҳам бошад, бирасонед. Эроде барои шумо нест агар дар мавриди Бани Исроил нақл ва сухан мегӯед, ва ҳар касе қасдан бар ман дурӯғ бандад, ҷойгоҳи худро дар дӯзах омода созад".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी සිංහල ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands Kiswahili தமிழ் ไทย دری Български Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda O‘zbek Akan नेपाली Moore Azərbaycan Wolof Oromoo Soomaali Українська bm km rn ქართული mkالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дастур медиҳад, ки ҳарчи аз номи ӯ расонида мешавад бояд аз Қуръон ва Суннат бошад, агарчи андаке бошад, ба монанди ояте аз Қуръон ё ҳадисе аз фармудаҳои ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ба ин шарт, ки ҳар касе онро ба мардум мерасонад худ онро фаро гирифта ба дарки маънои он бирасад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки нақли қавл аз Бани Исроил ва воқеаҳое, ки болои онҳо омадааст, ба гунае, ки мухолиф бо шариати мо нест, ишколе надорад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳушдор доданд, ки аз номи ӯ дурӯғ нагӯянд ва ҳар касе дониста бар ӯ дуруғе нисбат диҳад, ҷойгоҳашро дар дӯзах омода сохтааст.فوائد الحديث
Ташвиқу тарғиб барои расонидани шариати Худовандӣ ва инки инсон ончиро фаро гирифта дарк намудааст бояд ба дигарон бирасонад, агарчи андак ва кам бошад.
Барои ибодат ва тарзи дурусти таблиғи шариати Худовандӣ бояд илми шаръиро фаро гирифт.
Пеш аз нашри ҳадис бояд саҳеҳ будани он дониста шавад, то аз дучор шудан ба ин таҳдиди сахт, ки Паёмбари Худо гуфтаанд, ҷилавгирӣ шавад.
Ташвиқ ба садоқат дар гуфтор ва эҳтиёт дар нақли ҳадис, то дучори дурӯғгӯӣ нагардад, ба вижа дар шариати Худовандӣ.