إعدادات العرض
Он ки намози бардайнро (намози бомдод ва асрро) адо кунад, вориди биҳишт шавад
Он ки намози бардайнро (намози бомдод ва асрро) адо кунад, вориди биҳишт шавад
Аз Абумусои Ашъарӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Он ки намози бардайнро (намози бомдод ва асрро) адо кунад, вориди биҳишт шавад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Kiswahili Português دری অসমীয়া Svenska Yorùbá Кыргызча ગુજરાતી नेपाली Română മലയാളം Nederlands తెలుగు پښتو Soomaali Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Čeština Magyar Українська Македонски Lietuvių Azərbaycan Wolof አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာ O‘zbek Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хондани ду намози сарди, ки намози бомдод ва аср аст, ба ҷидду ҷаҳд ташвиқ намудааст. Ва ҳар ки он ду намозро дар вақташ ва бо ҷамоат адо намояд ва дигар умурро анҷом диҳад, барояш башорат додааст ва инҳо сабаби вуруди ӯ ба биҳишт хоҳанд шуд.فوائد الحديث
Фазилати муҳофизат бар намози бомдод ва аср. Зеро намози бомдод вақти ширинии хоб аст ва вақти намози аср инсон ба корҳояш банд аст. Пас ҳар ки ин ду намозро риоя кунад ва дар вақташ адо намояд, бар дигар намозҳо низ мин боби авло муҳофизат хоҳад кард.
Намози бомдод ва асрро ба он сабаб бардайн (ду сардӣ) номидаанд, ки намози бомдод дар хунукии саҳар адо мешавад ва намози аср дар хунукии рӯз, агарчи дар вақти гармӣ бошад, аммо гармияш аз вақти қаблӣ камтар аст. Ё шояд ин номгузорӣ аз боби тағлиб бошад. Масалан, мегӯянд: Қамарон (ду моҳ) ва манзурашон офтобу моҳтоб аст.
التصنيفات
Фазилати намоз