إعدادات العرض
Касе ба амали хайр далолат кунад, подоше ҳаммонанди анҷомдиҳандаи онро хоҳад дошт
Касе ба амали хайр далолат кунад, подоше ҳаммонанди анҷомдиҳандаи онро хоҳад дошт
Аз Абумасъуди Ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: ман маркабамро аз даст додаам, ба ман маркабе бидеҳ! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Надорам", марде гуфт: эй Расули Аллоҳ ман ӯро назди касе мебарам, ки ӯро маркаб медиҳад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Касе ба амали хайр далолат кунад, подоше ҳаммонанди анҷомдиҳандаи онро хоҳад дошт"
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە සිංහල ไทย دری Fulfulde Magyar ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Oromoo Wolof Soomaali Български Українська Azərbaycan ქართული Malagasy Lingala bm Македонскиالشرح
Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: маркаби ман ҳалок шудааст, ба ман маркабе бидеҳ то маро бибарад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ӯ узр хост ва гуфт маркабе надорад ба ӯ бидиҳад. Марде онҷо ҳозир буд, гуфт: эй Расули Аллоҳ! Ман ӯро ба назди касе роҳнамоӣ мекунам, ки ӯро маркаб медиҳад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд, ки ӯ низ дар аҷри садақадиҳанда шарик аст, зеро ниёзмандеро ба назди ӯ роҳнамоӣ кардааст.فوائد الحديث
Ташвиқ барои далолат кардан ба хайр.
Ташвиқ ва тарғиб ба амали хайр яке аз сабабҳои ҳамбастагӣ ва такомули ҷомеаи мусалмон аст.
Вусъати фазл ва лутфи Худованд.
Ин ҳадис як қоидаи умумӣ аст, ки фарогири тамоми аъмоли хайр аст..
Агар шахсе тавони бароварда сохтани ниёзи ниёзмандеро надорад пас ӯро ба каси дигар роҳнамоӣ кунад, (ки тавони баровардани ниёзи ӯро дорад)
التصنيفات
Ахлоқи писандида