Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)…

Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку

Аз Абуҳурайра, (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Аз Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди биҳишт мекунад, пурсида шуд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку". Ҳамингуна чун аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди бештарин чизе, ки мардумро вориди дӯзах мекунад, пурсида шуд, фармуданд: "Даҳон ва шармгоҳ (аврат)".

[حسن صحيح] [رواه الترمذي وابن ماجه وأحمد]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки бузургтарин сабабҳои ворид шудан ба биҳишт, ду сабаб аст: Тарс аз Аллоҳ ва ахлоқи неку. Тарс аз Аллоҳ: яъне инки миёни худ ва азоби Аллоҳ бо анҷоми фармудаҳо ва дурӣ аз манъкардаҳои Ӯ Таъоло монеа ва парда бисозӣ. Ахлоқи нек: бо анҷоми амали неку кушодарӯйи ва озор нарасонидан ба дигарон ба даст меояд. Бузургтарин омилҳои ворид шудан ба дӯзах ду сабаб аст: Забон ва шармгоҳ. Нигоҳ доштани забон аз маъсият, ба монанди: дуруғ гуфтан, ғайбат кардан, суханчинӣ ва ғайра. Нигоҳ доштани шармгоҳи аз маъсият, ба монанди : зино, ливота ва ғайра.

فوائد الحديث

Ворид шудани ба ҷаннат омилҳое дорад, ки бархе марбут ба Аллоҳ Таъолост, аз ҷумла тарс аз Ӯ Таъоло ва бархеи дигар марбут ба мардум, аз ҷумла ахлоқ ва одоби нек.

Забон барои инсон бисёр хатарнок ва яке аз сабабҳои ворид кардани ӯ ба ҷаҳаннам аст.

Хатари шаҳват ва амалҳои ношоиста бар инсон ва инки он аз бештарин сабабҳои ворид шудан ба дӯзах аст.

التصنيفات

Ахлоқи писандида, Сифатҳои биҳишт ва дӯзах