إعدادات العرض
Эй писар! (дар ибтидои таом) номи Аллоҳро бигӯ, бо дасти ростат бихӯр ва аз он чи дар пешат аст, бихӯр
Эй писар! (дар ибтидои таом) номи Аллоҳро бигӯ, бо дасти ростат бихӯр ва аз он чи дар пешат аст, бихӯр
Аз Умар ибни Абусалама (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ман навҷавоне таҳти сарпарастии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будам ва дастам дар табақи таом ҳар тараф мерафт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ман гуфт:" Эй писар! (дар ибтидои таом) номи Аллоҳро бигӯ, бо дасти ростат бихӯр ва аз он чи дар пешат аст, бихӯр". Баъд аз он ҳамавақт таом хӯрдани ман ин гуна буд.
الترجمة
العربية Bosanski English فارسی Français Indonesia Русский Türkçe اردو हिन्दी 中文 বাংলা ئۇيغۇرچە Español Kurdî Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ ไทย 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands Hausa دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली or ಕನ್ನಡ Română Soomaali Српски Wolof Українська Moore Tagalog Azərbaycan ქართული Magyar Deutsch Македонски Bambara አማርኛ Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ मराठी ਪੰਜਾਬੀ Italiano O‘zbek Kurmancîالشرح
Умар ибни Абусалама, писари ҳамсари Паёмбар, Умми Салама (разияллоҳу анҳумо), ки таҳти тарбият ва сарпарастии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) қарор дошт, хабар медиҳад, ки дар вақти таом хӯрдан дасташ дар табақи таом ба ҳар тараф мерафт, то ин ки ғизоро бигирад (аз пеши худаш намехӯрд), пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) се одоб аз одобҳои таом хӯрданро барояш ёд доданд: Якум: "Бисмиллоҳ" (Ба номи Аллоҳ) гуфтан дар оғози таом. Дувум: бо дасти рост хӯрдан. Севум: хӯрдан аз ҷое, ки таом наздики ӯ аст.فوائد الحديث
Аз одоби хӯрдану нӯшидан, бисмиллоҳ гуфтан дар оғози он аст.
Омӯзиши одоб ба кӯдакон, махсусан онҳое, ки таҳти сарпарастии шахс қарор доранд.
Меҳрубонӣ ва дилкушодии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар омӯзиш ва адаб додани кӯдакон.
Яке аз одоби таом хӯрдан ин аст, ки инсон аз назди худаш бихӯрад, магар ин ки чанд навъ таом бошад ва дар ин ҳолат метавонад (дар назди худаш ҳам набошад) аз он бигирад.
Саҳобагон ба он чизе, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҳоро тарбият карда буд, пойбанд буданд ва ин аз сухани Умар бармеояд: "Баъд аз он ҳамавақт таом хӯрдани ман ин гуна буд."
التصنيفات
Одоби хурдану нушидан