إعدادات العرض
Ҳар кӣ намози асрро тарк кунад, амалаш табоҳ шудааст
Ҳар кӣ намози асрро тарк кунад, амалаш табоҳ шудааст
Аз Бурайда ибни Ҳасиб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки фармуд: Барои адои намози аср барвақт биёед, зеро Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар кӣ намози асрро тарк кунад, амалаш табоҳ шудааст".
[صحيح] [رواه البخاري]
الترجمة
العربية Bosanski English فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी বাংলা Español Kurdî Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ ไทย Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە Hausa دری Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Wolof Soomaali Moore Українська Български Tagalog Azərbaycan ქართული bm Македонскиالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз қасдан ба таъхир гузоштани намози аср ҳушдор дода баён намудаанд, ки ҳар кӣ ин корро анҷом диҳад, амалаш ботилу фосид ва табоҳ гаштааст.فوائد الحديث
Ташвиқ ба адо кардани намози аср дар аввали вақт ва пешқадам будан дар анҷоми он.
Таҳдиди сахт барои касоне, ки намози асрро тарк мекунанд, гуноҳи анҷом надодани намози аср дар вақти худ бузургтар аз дигар намозҳо аст, зеро намози аср ҳамон намози вусто (миёна) аст, ки ба вижа дар ояти зер зикр шудааст: "[Эй мусулмонон] бар [анҷоми] ҳама намозҳо ва [ба хусус] намози аср кӯшо бошед [саъю талош кунед] ва бо фурӯтаниву фармонбардорӣ барои Аллоҳ Таъоло ба по хезед" (Сураи Бақара: 238)