إعدادات العرض
Мисоли як мунофиқ монанди гӯсфанде аст, ки миёни ду рама саргардон аст, гоҳ ба сӯи ин рама ва гоҳ ба сӯи рамаи дигар медавад
Мисоли як мунофиқ монанди гӯсфанде аст, ки миёни ду рама саргардон аст, гоҳ ба сӯи ин рама ва гоҳ ба сӯи рамаи дигар медавад
Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки гуфт: "Мисоли як мунофиқ монанди гӯсфанде аст, ки миёни ду рама саргардон аст, гоҳ ба сӯи ин рама ва гоҳ ба сӯи рамаи дигар медавад"
[صحيح] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands اردو Español Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Türkçe Bosanski සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa മലയാളം తెలుగు Kiswahili ไทย پښتو অসমীয়া Shqip دری Ελληνικά Български Fulfulde Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek नेपाली Moore Kurdî Oromoo Wolof Soomaali Français Tagalog Azərbaycan Українська bm தமிழ் Deutsch ქართული Português Македонски Magyar Русский فارسی 中文الشرح
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳоли шахси мунофиқро чунин баён намудааст, ки ӯ мисли як гӯсфанди саргардон аст, ки намедонад ба сӯи кадом яке аз рамаҳо биравад. Гоҳ ба тарафи ин рама меравад гоҳ ба тарафи рамаи дигар. Мунофиқон дар миёни куфр ва имон ҳайрон ва саргардонанд, на дар зоҳир ва ботин бо мӯъминонанд ва на бо кофирон, дар зоҳир бо мӯъминонанд ва дар ботин дар шакку тардид, гоҳ майл ба сӯи инҳо мекунанд ва гоҳҳо ба сӯи онҳо.فوائد الحديث
Яке аз роҳнамудҳои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) овардани зарбулмасалҳо барои бештар баён кардани маонӣ аст.
Шарҳи ҳоли мунофиқон дар мавриди дудилагӣ ва бесуботии онҳо.
Ҳушдор аз ҳоли мунофиқон ва ташвиқ бар ростӣ ва устуворӣ дар имон, чи дар зоҳир бошад ва чи дар ботин.
التصنيفات
Нифоқ