(Дар дини ислом ба худ) зиён овардан ва (ё ба дигарон) зиён расонидан иҷозат нест

(Дар дини ислом ба худ) зиён овардан ва (ё ба дигарон) зиён расонидан иҷозат нест

Аз Абусаъид Саъд ибни Молик ибни Синони Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "(Дар дини ислом ба худ) зиён овардан ва (ё ба дигарон) зиён расонидан иҷозат нест".

[Ҳасан] [رواه ابن ماجه والدارقطني وغيرهما مسندًا]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҷилавгирӣ аз осеб ва зуҳуроти он ба худ ва бар дигарон лозим аст, ва барои шахс ҷоиз нест, ки бар худ ва ё бар дигарон зарар бирасонад. Ҷоиз нест посухи зарар бо зарар бошад, зеро зарар бо расонидани зарар бартараф намешавад, магар аз роҳи қасос ва бидуни таъадӣ.

فوائد الحديث

Наҳй аз муҷозоте ки бештар аз ҳад (-и шаръӣ) бошад.

Худованд бандагонро ба чизе, ки бар зиёни онҳо тамом мешавад, амр нафармудааст.

Ин ҳадис қоидаест дар ҳаром будани зарар ва зиёну озор расондан, хоҳ бо гуфтор бошад, ё кирдор ва ё бо тарки масъулият.

Яке аз қоидаҳои шариъат ин аст, ки "Зарар бартараф карда мешавад". Шариат зарарро қабул надорад, ва зарар расонидан бар дигаронро инкор мекунад.