إعدادات العرض
Касе аз шумо имон намеорад то он даме, ки ҳавову ҳавасашро пайрави он чизе, ки ман овардаам бигардонад
Касе аз шумо имон намеорад то он даме, ки ҳавову ҳавасашро пайрави он чизе, ки ман овардаам бигардонад
Аз Абуабдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касе аз шумо имон намеорад то он даме, ки ҳавову ҳавасашро пайрави он чизе, ки ман овардаам бигардонад".
[قال النووي: حديث صحيح] [رويناه في كتاب الحجة بإسناد صحيح]
الترجمة
العربية Español አማርኛ English اردو Indonesia বাংলা Français Türkçe Русский Bosanski සිංහල हिन्दी 中文 فارسی Tiếng Việt Tagalog Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ ไทย Deutsch پښتو অসমীয়া Shqip Nederlands ગુજરાતી Кыргызча नेपाली Lietuvių دری Српски Kinyarwanda Magyar Čeština Moore Malagasy Oromoo ಕನ್ನಡ Wolof Azərbaycan O‘zbek Українська ქართული Македонски ភាសាខ្មែរ Bambara ਪੰਜਾਬੀ मराठी Kirundi Kurmancî Bahasa Melayuالشرح
Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён карданд, ки инсон дорои имони комил ва воҷиб намегардад, магар вақте ки муҳаббати ӯ мутобиқи он чи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, аз амрҳо, наҳйҳо ва дигар чизҳо, бошад. Яъне, бояд он чи ӯ амр кардааст, дӯст бидорад ва он чи наҳй кардааст, бад пиндорад ва аз он дур бошад.فوائد الحديث
Ин ҳадис қоидаест дар зарурати таслим шудан ба шариат ва фармонбардорӣ аз он.
Ин огоҳ кардани инсон аст, ки ҳар касе ақл ё одатро болотар аз он чи Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, қарор диҳад, пас чунин шахс аз имон маҳрум шуморида мешавад.
Вуҷуби ҳоким қарор додани шариат дар ҳама чиз, ба далели гуфтаи он Ҳазрат: "Он чиро, ки ман овардаам".
Имон бо итоат афзоиш меёбад ва бо гуноҳ кам мешавад.
