Ҳар кас тӯмор овезон кунад, ширк варзидааст

Ҳар кас тӯмор овезон кунад, ширк варзидааст

Аз Уқба ибни Омири Ҷуҳанӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки: Гурӯҳе назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаданд. Он Ҳазрат бо нуҳ нафари онҳо байъат карданд ва аз байъат бо яке аз онҳо имтиноъ варзиданд. Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ! Бо нуҳ тан байъат кардӣ ва ин як нафарро раҳо кардӣ? Фармуд:" Тӯмор дорад". Пас ӯ дасташро ба сӯи тӯмор бурда онро пора кард. Сипас бо ӯ байъат кард ва фармуд: "Ҳар кас тӯмор овезон кунад, ширк варзидааст."

[Ҳасан] [رواه أحمد]

الشرح

Гурӯҳе иборат аз даҳ нафар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои байъат кардан омаданд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо нуҳ нафари онон бар Ислом ва пайравӣ аз он байъат кард ва бо нафари даҳум байъат накард. Ҳангоме ки аз сабаби он пурсиданд, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Ӯ дар танаш тӯмор дорад. Тӯмор аз муҳра ё чизи дигар сохта шуда ва барои дафъи чашми ва захму зарар овехта мешавад. Он мард дасташро ба ҷое, ки тӯмор овезон буд дароварда, онро канда берун андохт. Баъд аз он Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ӯ байъат кард ва аз тӯмор овехтан ҳушдор дода, ҳукмашро баён кард: "Ҳар ки тӯмор овезон кунад, ширк варзидааст."

فوائد الحديث

Ҳар ки ба ғайри Аллоҳ такя кунад, Аллоҳ бо ӯ бар хилофи нияташ муомила мекунад.

Эътиқод ба ин ки тӯмор овехтан сабаби дафъи бало ва чашм аст, ширки хурд аст. Аммо агар эътиқод дошта бошад, ки худи тӯмор судманд аст ва балоро дафъ мекунад, ин ширки акбар аст.

التصنيفات

Тавҳиди улуҳият