إعدادات العرض
“Касе барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва муртакиби фаҳшу ҷимоъ ва корҳои ношоиста нашавад, тавре аз ҳаҷ бармегардад, ба монанди рӯзе, ки аз модараш таваллуд шудааст.”…
“Касе барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва муртакиби фаҳшу ҷимоъ ва корҳои ношоиста нашавад, тавре аз ҳаҷ бармегардад, ба монанди рӯзе, ки аз модараш таваллуд шудааст.” (яъне пок аз гуноҳон)
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: “Касе барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва муртакиби фаҳшу ҷимоъ ва корҳои ношоиста нашавад, тавре аз ҳаҷ бармегардад, ба монанди рӯзе, ки аз модараш таваллуд шудааст.” (яъне пок аз гуноҳон)
[صحيح] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands සිංහල ไทย دری Akan Azərbaycan Български Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy नेपाली or Română Kinyarwanda O‘zbek Moore Wolof Oromoo Српски Soomaali bm Українська Tagalog rn km ka mkالشرح
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудааст, ки ҳар касе барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва дар ҳаҷҷи худ муртакиби "рафас" нашавад, яъне: ҳамхобагӣ бо ҳамсар ё амалҳое, ки пеш аз он анҷом мешавад, монанди бӯсидан ва ламс кардан. Ҳамчунин ба маънои суханони ношоиста ва фаҳшо омадааст, ва корҳои бад ва гуноҳ анҷом надиҳад. Яке дигар аз амалҳои ношоиста маҳзуроти эҳром (амалҳое, ки дар вақти адои ҳаҷ, ҳоҷӣ бояд аз онҳо худдорӣ кунад) аст, ки агар амалҳои мазкурро анҷом надиҳад, аз ҳаҷ дар ҳоле бармегардад, ки мавриди омӯрзиш қарор гирифта аст, ҳамоно монанди навзоде, ки аз модар бегуноҳ таваллуд шудааст.فوائد الحديث
Агарчи фусуқ (нофармонӣ, сарпечӣ) дар ҳар мавриде манъ ва ба таври бояд аз он худдорӣ шавад, вале дар мавриди ҳаҷ бинобар гиромидошти маносики он ба таври таъкид зикр шудааст.
Инсон бехато ва пок аз гуноҳ ба дунё меояд, ӯ низ гуноҳони дигаронро ба душ нахоҳад дошт.
التصنيفات
Фазилати ҳаҷ ва умра