إعدادات العرض
Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст
Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст
Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ мардеро дид, ки мегуфт: савганд ба Каъба, Ибни Умар гуфт: ғайр аз Аллоҳ ба чизе дигар савганд ёд карда намешавад, зеро ман Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст".
[صحيح] [رواه أبو داود والترمذي وأحمد]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands සිංහල தமிழ் ไทย دری Akan Български Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy नेपाली or Română Kinyarwanda O‘zbek Azərbaycan Moore Wolof Oromoo Soomaali Українська bm km rn Српски ქართული mkالشرح
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ ва ному сифатҳои Ӯ Таъоло савганд ёд кунад куфр ба Аллоҳ ва ё ширк варзидааст, зеро савганд ба чиз ё ба касе маънои бузургдошт ва таъзими онро дорад, дар ҳоле, ки таъзим ва бузургдошт танҳо барои Аллоҳ аст. Пас бояд танҳо ба Аллоҳ ва ному сифатҳои Ӯ Таъоло савганд ёд карда шавад. Савганд ёд кардан ба ғайр аз Аллоҳ ширки асғар аст, аммо ончи ба номаш савганд ёд мекунадро баробар ба Аллоҳ ё зиёдтар аз Ӯ Таъоло бузург бидонад муртакиби ширки акбар шудааст.فوائد الحديث
Таъзим ва бузургшуморӣ дар савганд танҳо барои Аллоҳ Таъоло аст, ба ҷуз Аллоҳ ва ба ному сифатҳои Ӯ Таъоло, савганд ёд карда намешавад.
Саҳобагони киром ба "амри ба маъруф ва наҳй аз мункар" таваҷҷӯҳи хос доштанд, ба вижа агар амали мункари пайванд ба куфр ва ширк мебуд.
التصنيفات
Ширк