إعدادات العرض
Онки пайванди хешовандиро нигоҳ медорад, на он аст, ки муомилаи ба мисл кардааст, балки ӯ касе аст, ки чун аз ӯ риштаи хешовандӣ катъ шавад онро васл менамояд
Онки пайванди хешовандиро нигоҳ медорад, на он аст, ки муомилаи ба мисл кардааст, балки ӯ касе аст, ки чун аз ӯ риштаи хешовандӣ катъ шавад онро васл менамояд
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Онки пайванди хешовандиро нигоҳ медорад, на он аст, ки муомилаи ба мисл кардааст, балки ӯ касе аст, ки чун аз ӯ риштаи хешовандӣ катъ шавад онро васл менамояд"
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands తెలుగు Kiswahili தமிழ் ไทย دری Български Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda O‘zbek Akan नेपाली Moore Azərbaycan Wolof Oromoo Soomaali Українська km bm rn ქართული Македонски Српскиالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки касе ба таври комил робитаи хешовандиро ба ҷой меорад ва ба наздикони худ ба некӣ рафтор мекунад, ӯ аз ҷумлаи касоне нест, ки некиро дар муқобили некӣ анҷом медиҳанд, балки касе, ки риштаи хешовандиро ба таври комил ба ҷой меорад дар ҳақиқат касе аст, ки чун дигарон робитаашон бо ӯро қатъ кунанд ӯ онро пайваста нигоҳ медорад, агар яке аз хешовандон ба ӯ бадӣ кунад ӯ дар муқобил ба некӣ посух медиҳад.فوائد الحديث
Робитаи хешовандии мӯътабар дар шариати мо ҳамон аст, ки чун он дар баробари ту қатъ карда шавад ту онро нигоҳ дорӣ, касоне, ки ба ту ситам карданд авф кунӣ ва ба касоне, ки туро аз чизе махрум сохтаанд, ато кунӣ, на инки подош танҳо дар муқобили подош ва некӣ анҷом дода шавад.
Робитаи хешовандӣ бо анҷоми некие, ки дар тавон аст, ба монанди дуои нек, додани мол, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва ба қадри тавон дафъ кардани бадиҳо аз онҳо, ба даст меояд.
التصنيفات
Муҷтамаъи мусалмони