Ҳеҷ чиз дар рӯзи қиёмат дар тарозуи муъмин сангинтар аз ахлоқи некӯ нест ва Аллоҳ аз шахси зиштгӯй ва баддаҳон нафрат дорад

Ҳеҷ чиз дар рӯзи қиёмат дар тарозуи муъмин сангинтар аз ахлоқи некӯ нест ва Аллоҳ аз шахси зиштгӯй ва баддаҳон нафрат дорад

Аз Абудардо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ чиз дар рӯзи қиёмат дар тарозуи муъмин сангинтар аз ахлоқи некӯ нест ва Аллоҳ аз шахси зиштгӯй ва баддаҳон нафрат дорад."

[Саҳеҳ] [رواه أبو داود والترمذي]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро огоҳ намуданд, ки дар рӯзи қиёмат вазнинтарин амал ва гуфтор дар тарозуи муъмин ахлоқи нек аст. Ва он бо чеҳраи кушода будан ва озор надодани дигарон ва некӣ кардан ба онон аст. Ва Аллоҳ Таъоло аз касе, ки дар рафтору гуфтораш зишт ва баддаҳон аст, нафрат дорад.

فوائد الحديث

Фазилати ахлоқи нек, зеро ахлоқи нек сабаби касби муҳаббати Аллоҳ ва бандагонаш мешавад ва бузургтарин чизе аст, ки рӯзи қиёмат дар тарозуи амалҳо гузошта мешавад.

التصنيفات

Ахлоқи писандида, Одоби сухан ва хомушӣ