Ҳар кас, ки муоҳад (кофире, ки бо аҳду паймон дар ватани мусалмонон даромадааст)-ро бикушад, бӯи биҳиштро эҳсос намекунад, ҳарчанд, ки бӯи он аз масофаи чиҳил сол ба…

Ҳар кас, ки муоҳад (кофире, ки бо аҳду паймон дар ватани мусалмонон даромадааст)-ро бикушад, бӯи биҳиштро эҳсос намекунад, ҳарчанд, ки бӯи он аз масофаи чиҳил сол ба машом мерасад

Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят мекунад, ки ӯ фармуд: "Ҳар кас, ки муоҳад (кофире, ки бо аҳду паймон дар ватани мусалмонон даромадааст)-ро бикушад, бӯи биҳиштро эҳсос намекунад, ҳарчанд, ки бӯи он аз масофаи чиҳил сол ба машом мерасад."

[Саҳеҳ] [رواه البخاري]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳдиди сахтеро баён мекунад, ки ҳар ки паймонбастаеро бикушад - яъне кофире, ки бо паймон ва амният ба сарзамини Ислом ворид шудааст - бӯи биҳишт ба машомаш нахоҳад расид, бо вуҷуди он ки бӯи биҳишт аз масофаи чиҳил сол ба машом мерасад.

فوائد الحديث

Куштани кофири муоҳад, зиммӣ ва мустаъман ҳаром аст ва ин кор аз гуноҳони кабира аст.

Муоҳад: кофире аст, ки аз ӯ аҳду паймон гирифта шудааст ва дар сарзамини худаш зиндагӣ мекунад ва бо мусалмонон намеҷангад ва мусалмонон низ бо ӯ намеҷанганд. Зиммӣ: кофире аст, ки дар сарзамини мусалмонон зиндагӣ мекунад ва ҷизя медиҳад. Мустаъман: касе аст, ки бо аҳду паймон ва амният барои муддати муайян вориди сарзамини мусалмонон шудааст.

Ҳушдор ва огоҳӣ аз хиёнат ба аҳду паймон бо ғайри мусалмонон.

التصنيفات

Аҳкоми аҳли зимма