إعدادات العرض
Бинавис, савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, аз ин ҷуз ҳақиқат чизе намебарояд
Бинавис, савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, аз ин ҷуз ҳақиқат чизе намебарояд
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Ҳар он чиро, ки аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунидам, менавистам, мехостам онро ҳифз кунам. Аммо Қурайш манро аз ин кор манъ карданд ва гуфтанд: Оё ҳар чизеро, ки аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунавӣ, менависӣ, дар ҳоле ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) башар аст, ки дар хашм ва хушнудӣ сухан мегӯяд? Пас, даст аз навиштан бардоштам ва онро ба Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бозгӯ кардам. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ангушташон ба даҳонашон ишора карданд ва гуфтанд: "Бинавис, савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, аз ин ҷуз ҳақиқат чизе намебарояд."
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa తెలుగు Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली മലയാളം Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî Română Shqip Soomaali Српски Українська Wolof Moore Tagalog தமிழ் Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Македонски Русский Bambara Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe Italiano አማርኛ O‘zbek Français Español Kurmancî 日本語الشرح
Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳумо) мегӯяд: Ҳар он чи аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мешунидам, менавистам, то онро бо навистанам ҳифз кунам. Аммо мардоне аз Қурайш манро аз ин кор манъ намуданд ва гуфтанд, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) инсон аст ва дар ҳолати ғазабу хушнуди сухан мегӯяд ва шояд хато кунад, пас аз навистан даст кашидам. Сипас он чи гуфта буданд ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтам. Он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ангушташон ба даҳонашон ишора карда ва фармуданд: Бинавис, савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, аз ин ҷуз ҳақиқат чизе берун намеояд, чи дар ҳоли хушнудӣ ва чи дар ҳоли хашму ғазаб. Ва Аллоҳ Таъоло дар бораи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: (Ва аз рӯйи ҳавои нафс сухан намегӯяд * [Ин Қуръон] Ваҳй [-и илоҳӣ] аст, ки [ба ӯ] илқо мешавад. Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест) (Сураи Наҷм, оятҳои 3-4).فوائد الحديث
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар он чи аз ҷониби Парвардигораш Азза ва Ҷалла баён мекунад, маъсум аст, хоҳ хушнуд бошад ва хоҳ хашмгин.
Таваҷҷуҳи саҳобагон (разияллоҳу анҳум) бар ҳифзи суннат (ҳадисҳо Паёмбар) ва таблиғи он.
Савганд хӯрдан барои манфиат, монанди таъкид бар коре ҷоиз аст, агарчи аз шахс савганд талаб накунанд.
Яке аз муҳимтарин сабабҳои ҳифзи илм навистани он аст.
