إعدادات العرض
Бадтарин шахсе, ки дуздӣ мекунад, касе аст, ки аз намозаш медуздад". Гуфтанд: Чӣ гуна намозашро медуздад? Гуфт: "Рукуъ ва суҷудашро комил намекунад
Бадтарин шахсе, ки дуздӣ мекунад, касе аст, ки аз намозаш медуздад". Гуфтанд: Чӣ гуна намозашро медуздад? Гуфт: "Рукуъ ва суҷудашро комил намекунад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Бадтарин шахсе, ки дуздӣ мекунад, касе аст, ки аз намозаш медуздад". Гуфтанд: Чӣ гуна намозашро медуздад? Гуфт: "Рукуъ ва суҷудашро комил намекунад."
[Саҳеҳ] [رواه ابن حبان]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली తెలుగు Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî മലയാളം Română Soomaali Shqip Српски Українська Wolof Tagalog Moore தமிழ் Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Русский አማርኛ Italiano Bambara Македонски Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย Türkçe मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek Español 日本語 Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ доданд, ки бадтарин дуздӣ, дуздии касе аст, ки аз намозаш медуздад. Зеро агар моли дигареро бидуздад, шояд дар дунё фоидааш кунад ва аз он суд бибарад. Бар хилофи ин дузд, ки ҳаққи худашро аз аҷру савоб медуздад. Гуфтанд: Эй Расули Худо! Чӣ гуна аз намозаш медуздад? Фармуданд: Рукуъ ва суҷудашро комил анҷом намедиҳад, яъне дар рукуъ ва суҷудаш шитоб мекунад ва онро ба шакли комил анҷом намедиҳад.فوائد الحديث
Аҳамияти ба хубӣ анҷом додани намоз ва анҷом додани рукнҳои он бо оромӣ ва фурӯтанӣ.
Васф кардани касе, ки рукуъ ва саҷдаи дуруст намекунад ба "дузд", огоҳӣ аз эҷоди танаффур аз ин кор ва огоҳӣ аз ҳаром будани он аст.
Дар намоз рукуъ ва саҷдаро ба итмом расондан ва дар ҳарду муътадил будан воҷиб аст.
