إعدادات العرض
Ҳамвора Ҷабраил маро дар мавриди ҳамсоя тавсия мекард, то онҷо ки гумон кардам ӯро меросбар хоҳад кард
Ҳамвора Ҷабраил маро дар мавриди ҳамсоя тавсия мекард, то онҷо ки гумон кардам ӯро меросбар хоҳад кард
Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст,ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳамвора Ҷабраил маро дар мавриди ҳамсоя тавсия мекард, то онҷо ки гумон кардам ӯро меросбар хоҳад кард."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands Hausa ไทย دری Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Malagasy Oromoo Wolof Soomaali Български Українська Tagalog Azərbaycan ქართული bm Македонскиالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармоянд, ки Ҷабраил ҳамвора масъалаи таваҷҷуҳ ба ҳамсояро барояшон такрор мекарданд ва ӯро ба ин кор амр мекарданд ва дар бораи ҳаққи ӯ ва озор нарасонидан ба ӯ онқадар тавсия медоданд, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гумон карданд дар мавриди пас аз марг меросбар қарор гирифтани ҳамсоя ваҳй нозил хоҳад шуд.فوائد الحديث
Азамати ҳаққи ҳамсоя ва зарурати таваҷҷуҳ ба он.
Борҳо ва бо таъкид тавсия намудан барои ҳаққи ҳамсоя зарурати эҳтироми ӯ, меҳрубонӣ бо ӯ, некӣ кардан ва дур кардани зиён аз ӯ, аёдати ӯ дар ҳоли беморӣ, табрик кардан дар ҳоли хушҳолӣ ва тассалият гуфтани ӯ дар ҳангоми мусибатро тақозо мекунад.
Ба ҳар андоза, ки дарвозаи ҳамсоя наздиктар бошад ба ҳамон андоза таъкид бар ҳифзи ҳаққи ӯ бештар мешавад.
Камоли шариъат дар ончи ба ҷомеа нафъ мерасонад аст, монанди некӣ ва эҳсон ба ҳамсоягон ва дафъи зарар аз онон.
التصنيفات
Сулҳ ва аҳкоми ҳамҷиворӣ