إعدادات العرض
марде назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва дар бораи чизе бо ӯ гуфтугӯ кард. Пас гуфт: Он чи Аллоҳ бихоҳад ва ту бихоҳӣ. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва…
марде назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва дар бораи чизе бо ӯ гуфтугӯ кард. Пас гуфт: Он чи Аллоҳ бихоҳад ва ту бихоҳӣ. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё манро бо Аллоҳ баробар қарор додӣ? Бигӯ: Танҳо он чи Аллоҳ бихоҳад
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки марде назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва дар бораи чизе бо ӯ гуфтугӯ кард. Пас гуфт: Он чи Аллоҳ бихоҳад ва ту бихоҳӣ. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё манро бо Аллоҳ баробар қарор додӣ? Бигӯ: Танҳо он чи Аллоҳ бихоҳад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português සිංහල Svenska ગુજરાતી Yorùbá Tiếng Việt Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Čeština Română Nederlands Soomaali తెలుగు മലയാളം Српски Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Lietuvių Wolof Українська ქართული Magyar Moore Shqip Македонски Azərbaycan Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ မြန်မာ Kurmancîالشرح
Марде назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва дар бораи коре бо ӯ гуфтугӯ кард, сипас гуфт: "Он чи Аллоҳ бихоҳад ва ту бихоҳӣ." Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин сухани ӯро инкор кард ва ба ӯ фармуд, ки атфи хостаи махлуқ бар хостаи Аллоҳ бо ҳарфи "вов" ширки асғар аст ва барои мусалмон ҷоиз нест, ки чунин бигӯяд. Сипас ӯро ба сухани дуруст роҳнамоӣ кард, ки чунин гуфта мешавад: "Ҳар чи Аллоҳ бихоҳад." Яъне, дар ирода ва машият танҳо бояд аз Аллоҳ ном бурда шавад ва хостаи дигаре бо ягон навъи атф (аз ҷумла "вов") ба ӯ маътуф нашавад.فوائد الحديث
Аз гуфтани "Он чи Аллоҳ ва ту бихоҳӣ" ва монанди ин суханҳо, ки дар он хостаи банда бо ҳарфи "вов" ба хостаи Аллоҳ маътуф шавад, наҳйи шудааст, зеро он ширки асғар аст.
Инкори мункар воҷиб аст.
Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз марзҳои тавҳид ҳимоят кард ва роҳҳои ширкро баст.
Дар ҳолати инкори мункар, аз рӯи пайравӣ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шахси муқобилро дар баробари иштибоҳаш ҷойгузини мубоҳ роҳнамоӣ кардан хуб аст.
Ҷамъ байни сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин ҳадис: "Танҳо он чи Аллоҳ бихоҳад" ва сухани ӯ дар ҳадиси дигар: "Бигӯ: Он чи Аллоҳ бихоҳад, сипас он чи ту бихоҳӣ", ин гуна аст, ки гуфтани: "Он чи Аллоҳ бихоҳад, сипас он чи ту бихоҳӣ" ҷоиз аст, аммо гуфтани:"Он чи танҳо Аллоҳ бихоҳад" беҳтар аст.
Гуфтани "Он чи Аллоҳ бихоҳад, сипас он чи ту бихоҳӣ" ҷоиз аст. Аммо гуфтани "Он чи танҳо Аллоҳ бихоҳад" беҳтар аст.
التصنيفات
Тавҳиди улуҳият